26.9 C
Dushanbe

Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро муайян кард

Парлумони Тоҷикистон 2-юми декабри соли ҷорӣ дар ҷаласаи худ бо ҳузури намояндагон буҷети кишварро барои соли 2025 муайян кард.

Бино ба иттилои расонаҳои давлатии кишвар, 2-юми декабри соли 2024 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагонро баргузор кард.

Дар ин ҷаласа яке аз масъалаҳои муҳим қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025″ ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027” будааст.

Гуфта мешавад, вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ин тарҳро дар парлумон иро кардааст. Ӯ зимни муаррифи тарҳ дар ҳузури вакилон гуфта, ки “маҷмуи маҳсулоти дохилии давлат барои соли 2025, даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 49,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 15,4 дарсад ба нақша гирифта шудааст.”

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон буҷети давлатро барои соли 2024 аз ҳисоби тамоми даромадҳо 42,9 мииллард сомонӣ муайян карда буд.

Қаҳҳорзода инчунин дар бораи манбаъҳои даромади буҷети давлатӣ ишора карда, афзудааст, ки аз миқдори умумии буҷети кишвар 22,7 млрд сомонияш аз ҳисоби андоз, 10,4 млрд сомонӣ аз ҳисоби гумрук, 1,2 млрд сомонӣ воридоти ғайриандозӣ, 11,2 млрд сомонӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо мутаносибан 60 дарсад грантҳо ва 40 дарсад қарзҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин тарҳи буҷети соли оянда 23,9 млрд сомонӣ барои масраф ба соҳаҳои иҷтимоӣ, 15,2 млрд сомонӣ ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ихтисос дода шудааст.

Ҳамчунин Қаҳҳорзода афзуда, ки нақшаи ҳароҷоти буҷети давлатӣ “дар заминаи таҳлили пайомадҳои эҳтимолӣ, арзёбии рушди соҳаҳои иқтисод аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 51,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.”

Дар ин тарҳи нави Вазорати молияи Тоҷикистон, ки парлумон онро тасдиқ кард як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли оянда 75 сомонӣ муқаррар шудааст. Соли гузашта як нишондиҳада барои ҳисобҳо 72 сомонӣ муайян шуда буд. 3 сомонӣ афзоиш ёфтани он ба ин маъност, ки маблағи ҷаримаҳо низ бештар мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.