Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.
Боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Душанбе ва истирдоди Суҳроби Зафар, роҳбари созмони оппозитсионии “Гурӯҳи 24” аз Истамбули Туркия аз пурғавғотарин моҷаро дар саҳнаи сокити сиёсии Тоҷикистон аст, ки соли 2024 рух дод. Дуруст аст, ки тайи беш аз се даҳаи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мавридҳои мушобеҳ зиёд ба мушоҳида расидааст ва дар зиндонҳои Тоҷикистон собиқ вазир, вакили парлумон, раиси ҳизбу генералҳо пур аст. Аммо ҳодисаи боздошти раиси як ҳизб ва вакили парлумони тарафдори худи ин ҳукумат ва он ҳам бо иттиҳоми талоши анҷоми табаддулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимият собиқа надорад.
Ҳодисаи истирдоди Суҳроби Зафар, раиси созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” аз он ҷиҳат беназир ва мутафовит аст, ки Туркия қаблан ӯро як-ду маротиба дастгир кард ва баъди як муддат бо вуҷуди дархосту даъвоҳои ҳукумати Тоҷикистон раҳо намудааст. Вале ин бор Истамбул ин роҳбари як созмони мухолифи давлати Тоҷикистонро дастгир ва бар хилофи солҳои қабл таслими Душанбе кард.
Боздоштҳои сиёсӣ
Дар соли 2024 Ҳукумати Тоҷикистон парвандаеро рӯи даст гирифт, ки ба воситаи он чандин чеҳраҳои шинохтаи кишвар, собиқ вакилону вазирон ва дигарандешонро бо иттиҳоми “қасди табаддулоти давлатӣ” ва “ғасби ҳокимият” боздошт кард.
Ҳукумат ин парвандаашоро аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, вакили собиқи Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон оғоз намуда, ӯро 12-уми июни ҳамин сол дастгир кард.
Ду рӯз пас аз боздошти Усмонзода, 14 июн ва баъди як моҳи барканории вай аз раҳбарии Ҳизби демократи Тоҷикистон ҷаласаи изтирории Маҷлиси намояндагон доир шуд, ки дар рӯзномаи он танҳо як масъала, лағви мақом ва ё масунияти вакилии Саидҷаъфар Усмонзода ва ризояти вакилон барои ҳабси пешакии вай баррасӣ гардид.
Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар ин ҷаласа бо эълони айбномаи расмӣ Усмонзода “ва дигарон”-ро дар кӯшиши сарнагун кардани ҳокимият бо зӯр-табаддулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимият муттаҳам кард. Ин иттиҳом ва айбномаи Додситони кулли Тоҷикистон ҳам барои ҷомеи кишвар ва ҳам барои вакилони Маҷлис комилан ғайриинтизор ва боварнакарданӣ буд. Вале Юсуф Раҳмон бештар аз ончики ғайриинтизор будро баён кард ва вакилони Маҷлис ва ҷомеаи кишварро дар ҳолати шок қарор дод.
Додситони кулли Тоҷикистон Усмонзодаро бар он гунаҳкор кард, ки бо маслиҳати пешакӣ бо роҳбарияти Паймони миллии Тоҷикистон, як ташаккули сиёсии мухолифини тоҷик дар хориҷи кишвар “барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” тавофуқ кардааст. Додситони кул, инчунин гуфт, ки Саидҷаъфар Усмонзода гӯё аз мухолифон ваъдаи дарёфти кумаки молиявӣ ва низ ҷалби се ҳазор ҷанговари “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро гирифтааст. Ӯ дар айбномааш афзуд, ки ин вакил барои иҷрои нақшаи худ “дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст”.
Додситони кулли Тоҷикистон илова кардааст, ки “Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст”.
Дар пайи боздошти Усмонзода, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, сарҳангҳои собиқи амният, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси маъруф ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо ҳамин иттиҳом дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Аммо роҳбарияти Паймони миллии Тоҷикистон иттиҳомоти Додситони кулро бепояву асос хонда ва бо нашри як баёния боздошти муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимовро дар чаҳорчӯби парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода маҳкум ва баракс, озодии ҳуқуқшиноси маъруфро талаб кард. Дар ин баёния, ки ба дунболи дастгир кардани Шокирҷони Ҳаким рӯзи 18-уми июл содир шуд, тазаккур дода мешавад, ки “Ин иттиҳом ҳеҷ асос надорад ва як баҳонаест барои холӣ кардани майдони сиёсии кишвар ва бештар зери тарс ва фишор қарор додани миллат”.
Ва ахиран Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби оппозитсионии сотсиал-демократи Тоҷикистон низ дар чорчӯби парвандаи гурӯҳи мазкур боздошт шуд.
Мақомот алайҳи вай бар асоси моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ – “хиёнат ба давлат” парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тамоми асноди таъйинкунандаи ҳуввият – шиноснома ва гузарномаашро мусодира ва танҳо ба хотири кӯдаки ширхораи панҷмоҳа доштанаш аз ҳабси пешакии ӯ худдорӣ варзидаанд. Вале ин хабарнигори тоҷик чанд навбат мавриди пурсиши тафтишот қарор гирифта ва дар ҷараёни бозпурсии гумонбарони дигар ширкат мекунад. Мушаххасан ин бонуи хабарнигори тоҷик бо чӣ айбу иттиҳоме муттаҳам хонда мешавад, маълум нест, аммо зоҳиран гӯё вай як назарпурсӣ дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон доир карда ва дар рафти анҷоми ин кор назари Шокирҷон Ҳакимов ва Саидҷаъфар Усмонзодаро ҳам пурсидааст.
Рухшона Ҳакимова феълан, яъне то анҷоми мурофиаҳои додгоҳӣ дар озодӣ қарор дорад, вале боқӣ нафароне, ки бо ин иттиҳом боздошт шудаанд ҳама дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Азбаски мурофиаи парвандаи ҷиноятии Саидҷаъфар Усмонзода, вакили собиқи Маҷлиси намояндагон ва афроди дигари муттаҳам бар “ғасби ҳокимият” ва “талоши анҷоми табаддулоти давлатӣ” бо сабаби муҳри махфӣ гузоштан ба парванда, пӯшида ва паси дарҳои баста баргузор мегардад, маълумот пайдо кардан аз ҷараёни тафтишот ва муҳокима ғайриимкон аст.
Аммо, ҳамчуноне шоҳид ҳастем ба дунболи Саидҷаъфар Усмонзода шахсиятҳои намоён ва дар гузашта аз аъзои калидӣ ва соҳиби мақому мансабҳои муҳимми давлатӣ, ба мисли Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи умури хориҷӣ ва Акбаршо Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон ва сафири ҳукумати Раҳмон дар Турманистону Қазоқистону Муғулистон дастгир шуда ва ҳоло ба истилоҳ дар назди қонун ҷавоб дода истодаанд.
Зимнан, Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар як нишасти хабариаш дар моҳи августи соли ҷорӣ ошкоро гуфт, ки давлат барои ҳамчунин афрод гузашт нахоҳад, чунки онҳо ба Президент хиёнат кардаанд: “касе, ки ба давлат, ба миллат, ба президент хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад, новобаста ба он ки чӣ вазифа дорад ва дар гузашта чӣ вазифаро ишғол карда буд”.
Парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода ва шахсиятҳои зикршуда бар асоси моддаи 306, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон таҳти тафтиш қарор гирифта ва айни замон ҷиҳати муҳокима ва эълони ҳукм дар Додгоҳи олии Тоҷикистон қарор дорад. Ин банди қонун аз 15 сол зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Зоҳиран мақомот дар мавриди ин шахсиятҳо, ки акнун бо ғасби ҳокимият ва талоши табаддулоти давлатӣ муҳокима мешаванд, чанде пештар аз замони боздоштҳо машкук шудаанд ва иллати барканории ногаҳонии Саидҷаъфар Усмонзода аз роҳбарии ҲДТ ҳам ба ҳамин масъалаи табаддулот марбут мешавад.
Аммо хеле аз паҳлуҳои ин моҷаро дурустии ин иттиҳоми мақомотро таҳти шубҳа қарор медиҳад. Масалан боварнакарданӣ аст, ки Ҳамрохон Зарифӣ, як генерали амниятӣ, ки тамоми умр бо нерӯҳои исломӣ ва уламову руҳоният дар мухосимат қарор дошт, бо Паймони миллии Тоҷикистон, ки ядрои асосии он ҲНИТ аст, бар муқобили Эмомалӣ Раҳмон кудето кунад ва он ҳам бо ҷалби ҷангиёни “Ҷамоати Ансоруллоҳ”. Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳамрохон Зарифӣ аз оғози кори Раҳмон то замони бознишаста шуданаш яке аз кадрҳои асосӣ ва таъсиргузори ин ҳукумат буд.
Ҳамчунин Акбаршо Искандаров ҳам ба ҳайси як корманди пешини ҳукумат ва кадри номенклатураи Маскав баъид аст, ки бо мухолифини исломӣ ҷиҳати сарнагунии ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон иттифоқ бибандад.
Ҳам Зарифӣ ва ҳам Акбаршо Искандаров аз ҷиҳати синну сол ҳам гумон аст, ки дар сар хиёли курсии Раҳмонро дошта бошанд ва ин ду сиёсатмадори коркушта ва обдида баъид аст ки ба дунболи Саидҷаъфар Усмонзода ва ҳамроҳ бо Шокирҷони Ҳаким ва ПМТ бираванд.
Аммо дигар ин воқеият ва факт аст, ки ин афрод бо ҳамин иттиҳоми ғасби ҳокимият бо истифода аз зӯр ва талоши табаддулоти давлатӣ дастгир шудаанд ва қарор аст то чанд рӯзи дигар ҳукми онҳо содир бишавад.
Ба назари коршиносон, танҳо Русия аст, ки метавонад ин нафаронро ба ҳамчунин моҷаро ва чолиши бузург бикашад. Ва онки Юсуф Раҳмон ҳангоми эълони иттиҳом алайҳи Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, ки “яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст”, ҳадсу гумонҳоро дар мавриди ин ки шояд Маскав дар ин моҷаро шарик бошад, ба вуҷуд овардааст. Вагарна барои Раҳмон ва ҳукумати вай чи зарурат дар боздошти Ҳамрохон Зарифӣ ва Акбаршо Искандаров пеш меояд.
Истирдоди мухолифин аз хориҷи кишвар
Суҳроби Зафар, роҳбари созмони оппозитсионии “Гурӯҳи 24” ва Насим Шарифов, яке аз масъулони дигари ин гурӯҳ дар октябри соли ҷорӣ яке 30 ва дувумӣ 20 сол маҳкум ба зиндон гардиданд. Ин ду тан аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон моҳи феврали соли ҷорӣ дар Туркия дастгир ва сипас ба Тоҷикистон истирдод шуданд.
Ин ду маврид истирдоди роҳбарони баланпояи яке аз созмонҳои оппозитсионӣ дар соли 2024 барои ҳукумати Тоҷикистон дастоварди калон ба ҳисоб меравад. Зеро ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2015 то ба имсол муваффақ нашуда буд, ки онҳоро аз Туркия бигирад.
Туркия чанд навбат Суҳроби Зафар ва Насим Шарифовро дар солҳои пеш бо дархости Тоҷикистон дастгир карда буд, аммо бо мулоҳизаҳои зиёд, масалан нокифоятии иттиҳомоти Тоҷикистон алайҳи онҳо, пойбандӣ ва тааҳҳуд ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз ҳар бор истирдоди онҳо парҳез ва хати бегуноҳии онҳоро имзо мекард. Аммо ин бор ин ду нафарро Туркия дастгир ва ба ҳукумати Тоҷикистон таслим кард.
Бар иловаи ин ду нафар дар соли ҷорӣ боз паноҳҷӯи тоҷик Фаррух Икромов аз Лаҳистон ба дасти мақомоти Душанбе супурда шуд ва дар моҳи ноябр бошад Дилмурод Эргашев паноҳҷӯи дигари тоҷик аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод гардид.
Ин ду фаъоли сиёсии тоҷик дар кишварҳои урупоӣ натавонистанд, ки мақоми паноҳандагӣ ба даст биёваранд ва агарчи дар бархе аз маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла эътирозҳову пикетҳо ширкат карда бошанд ҳам мақомоти ин кишварҳо барои ҳузури онҳо дар кишварҳояшон ба сифати паноҳанда санад надоданд. Дар сурати дарёфти мақоми паноҳандагӣ онҳо ҳатман таҳти ҳимояти ин кишварҳо қарор мегирифтанд. Аз инҷо буд, ки талоши муассисаҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ барои нафиристодани ин ду нафар садо баланд карда буданд, ноком анҷомид ва низ ҳатто рагҳои дасти худро буридани Дилмурод Эргашев натавонист пеши роҳи ихроҷи онҳо ба ватанро бигирад.
Ҳанӯз сарнавишти Дилмурод Эргашев рӯшан нест, чун таҳти тафтишот қарор дорад, аммо додгоҳ ба Фаррух Икромов 23 соли зиндон ҳукм кард.
Ва, аммо ҳолат ва ҳодисаи Суҳроби Зафар ва Насим Шарифов на фақат аз он ҷиҳат, ки солҳои пеш ҳукумати Туркия онҳоро ба Тоҷикистон таҳвил надоду имсол ба таври мармуз таҳвил дод, фарқ мекунад.Туркия ин ду нафарро ихроҷ не, балки истирдод ва таслими мақомоти Тоҷикистон кард. То чанд муддат, қариб ним сол, ҳам давлати Туркия ва ҳам давлати Тоҷикистон аз додани ҳар навъи маълумот дар мавриди онҳо худдорӣ карданд ва танҳо моҳи августи соли ҷорӣ Доситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотиаш эътироф кард, ки онҳо дар боздоштанд ва таҳти тафтишот қарор доранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Суҳроби Зафар ва Насим Шарифов аз соли 2015 ва ба таври расмӣ дар Туркия ба сар мебурданд.
Инки ҳукумати Тоҷикистон чаро ба ин ду нафар чунин ҳукмҳои сангин дод, метавон ба табиат ва хӯйи кишварҳои диктотурӣ марбут донист.
Суҳроби Зафар одам накуштааст, қочоқчии бузурги маводи мухаддир ҳам нест, кадом ҷинояти сангине ҳам содир накардааст. Барои мисол ба фарқ аз Хуҷа –командир (Хуҷа Каримов, аз фармондеҳони пешини Фронти халқӣ), ки тафтишот куштори 20 нафар аз тарафи ӯро мушаххас ва тасдиқ кардааст, одамкушӣ накардааст, 30 сол ҳукми зиндон гирифт, аммо Хуҷа-командир бо ин ҳама ҷиноятҳои мудҳиши одамкушӣ 15 сол гирифт.
Ба бовари бештари коршиносон ва огаҳони масоили Тоҷикистон як чунин ҳукми сангин додан ба он хотир аст, ки мухолифинро битарсонанд то аз идомаи мубориза даст бикашанд ва ба дигарҳо ҳам ҳушдор диҳанд, ки даст задан ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва муқобила бо ҳукумат ҳамчунин муҷозоти сангин дорад. Эҷод ва густариш додани тарсу ваҳшат дар ҷомеаи кишвар ба ин маъно, ки “Ҳукумат зӯр аст” ва агар бештар талош кунад ҳама муборизину мухолифинро аз хориҷа ҳам оварда ҳамин гуна ҷазоҳои сахт медиҳад.
Аммо суол ин аст, ки чаро Туркия дар солҳои пеш ин ду роҳбари созмони сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистонро истирдод накард, вале имсол розӣ шуду дод?
Бархе аз коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ин ду нафар аз роҳбарони “Гурӯҳи 24”-ро бар ивази чанде аз шаҳрвандони Туркия, ки бо дархости ҳукумати ин кишвар дар Тоҷикистон дастгир ва Туркия таслим карда шуданд, гирифтааст.
Дар ин авохир ин андеша ҳам баён гардид, ки муносибат дар арсаи байналмилалӣ ҳам иваз шудааст ва роҳбарони давлатҳо манофеи худро болотар аз ҳар гуна арзиш ва меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ мегузоранд.
Барои мисол, ҳамин табодули сиёсатмадорони мавриди таъқиб ва ё фаъолони сиёсии мухолиф ва боздошту истирдоди онҳо байни Ардуғон ва Раҳмонов на ба хотири манофеи миллӣ, балки ба хотири бақо ва таҳкими қудрати худи онҳо аст. Ва ё Ҳамрохон Зарифӣ ва Акбаршо Искандаров ҳам ба эҳтимоли зиёд қурбонии бозиҳои Путин бо Раҳмонов шудаанд.
Ин нукта ҳам гуфта мешавад, ки созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ҳам дигар он эътибори қаблии худро аз даст додаанд, чун давлатҳои ба истилоҳ пуштибони демократия бо ҳукуматҳои расмӣ тамоюли бештар нишон медиҳанд. Вагарна Олмон медонист, ки бо ихроҷи Билол Қурбоналиев, ки Раҳмонро бо тухм зада буд, ӯро яқинан ба зиндон мефиристад.
Албатта, ин вазуъ ҳолати пешомада бар суди ҳукумати худкомаи Тоҷикистон аст. Ҳарчиқадар битавонад, ки созмонҳои оппозитсионии худро заифу оҷиз бисозад, ба ҳамон андоза умри сиёсии худро дароз мекунад.
Суҳроби Зафар дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки вай ҳар лаҳза интизори он буд, ки рӯзе мерасад боздошт мешавад ва ҳатто ин эҳтимолро ҳам рад намекард, ки кушта бишавад. Вай гуфтааст, ки аз кор ва муборизаи бурдааш ба ҳеҷ ваҷҳ пушаймон нест.
Вале, инки Ҳукумати Тоҷикистон ӯро барои сӣ сол равонаи зиндон кард, метавонад ин тавр ҳам таъбир бишавад, ки новобаста аз ҳама гуна зӯргуиву қулдурӣ аз нерӯҳои оппозитсионии худ ва муборизаву истодагарии онҳо дар тарсу ҳарос аст.