14.9 C
Dushanbe

Камбуди барқ дар Тоҷикистон сахттар мешавад

Ба иттилоъи сокинон, рӯзҳои аввали соли ҷорӣ хеле аз минтақаҳои кишвар бо камбуди шадиди барқ мувоҷеҳ шудаанд.

Аҳолӣ аз тӯлонитар шудани қатъи барқ нисбат ба ҳафтаҳои гузашта хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, ҳатто дар баъзе деҳаҳо чанд рӯз пайҳам барқро қатъ кардаанд. Аз ҷумла, соукинони деҳаи Уртабузи шаҳр Ҳисор гуфтаанд, ки чанд рӯз пай дар пай барқ надоштаанд. Ва низ сокинони бархе деҳаҳои шаҳри Ваҳдат гуфтаанд ин зимистон  ҳатто то 3 рӯз ҳам барқ надоштаанд.

Як моҳ пеш, яъне дар моҳи декабр Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар барномаи барқрасониеро ба минтақаҳо эълом карда буд, ки тибқи он ба деҳоти кишвар бояд аз тарафи субҳ аз соати 05:00 то 08:00 ва бегоҳ аз соати 04:00 то 11:00 барқ дод мешуд. Аммо сокинон аз қатъи пай дар пайи барқ дар аввалҳои имсол ва иҷро нашудани ин барнома хабар медиҳанд.

Дар пайи бебарқии зиёд дар ноҳияву деҳоти кишвар шаҳрвандон аз гарон шудани нархи ҳезум ва ангишт шикоят мекунанд.

Хеле аз мардум мепурсанд, ки оё чорае вуҷуд дорад? Ва аз масъулон мехоҳанд, ба ин масъалаҳо расидагӣ кунанд. “Чаро мо дар асри 21, бе барқ зиндагӣ дорем?”-, пурсидааст як шаҳрванд.

Масъулони барқи кишвар ин камбудиҳоро ба шароити обу ҳаво марбут медонанд ва мегӯянд, дар фасли сармо сатҳи оби захирашуда дар нерӯгоҳҳои барқӣ поён рафта, тавлиди барқ ҳам кам мешавад.

Аммо ба гуфтаи мунтақидон, ин дар ҳолест, ки дар ҳама фаслҳои сол мақомоти кишвар миқдори фурӯши барқ ба хориҷ аз кишварро кам намекунанд ва мувофиқи қарордодҳо барқро ба ҳамсоякишварҳо мерасонанд.

Камуди барқ яке аз мушкилоти умдаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, 30 сол аст ҳанӯз бо ин мушкилӣ мувоҷеҳ аст ва сол ба сол таъмини барқро ба сокинон маҳдуд мекунад, вале иқдоми ҷиддие барои бартараф кардани ин мушкилӣ сурат намегирад.

Бо ин ҳол Агентии омори назди Призденти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар давоми даҳ моҳи соли гузашта, содироти барқ аз Тоҷикистон бештар аз 102.4 миллион доллари Амрикоӣ ба кишвар суд овардааст.

Ҳамчунин раиси ширкати “Барқи тоҷик” феврали соли 2024 ба хабарнигорон гуфта буд, ки фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистонро барои соли 2024 ҳудуди 20% зиёд кардааст. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.