Тоҷикистону Чин дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ карданд

Мақомдорони Тоҷикистону Чин зимни дидоре дар Қазоқистон масоили рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёт ва дурнамои онро баррасӣ карданд.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода, ки вазири ин ниҳод Азим Иброҳим бо ҳамтои чиниш Лю Вэй дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона мулоқоти карда, дар робита ба “рушди минбаъдаи долони нақлиётии мултимодалии “Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия –Аврупо”-ро дар чорчӯби ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар ин дидор инчунин масоили калидии марбут ба тарҳҳои зерсохторӣ, аз ҷумла таҷдиду навсозии гузаргоҳи сарҳадии “Қулма – Қарасу”, ки ягона нуқтаи убури марзӣ байни Тоҷикистону Чин маҳсуб мешавад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавд, ин иқдом ба таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон вазирон имконияти иштироки Тоҷикистон дар лоиҳаи бунёди роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Узбакистон”- ва суръат бахшии рушди долони нақлиётии “Чин – Тоҷикистон – Афғонистон”-ро муҳокима карданд. 

Таъкид шуд, ки ин тарҳҳо метавонанд ба як ҳалқаи муҳими транзитии минтақа табдил ёбанд ва барои рушди иқтисоди кишварҳои узви он фоидаҳои назаррас фароҳам шавад.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни музокирот нақшаҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар шаҳри Душанбе ҷиҳати хидматрасонии техникии электромобилҳо ва коркарди дубораи батареяҳои истифодашуда, инчунин масъалаи афзоиши рухсатномаҳои мубодилашаванда барои ҳамлу нақли байналмилалӣ аз тариқи роҳҳои автомобилгард мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Бо ин ҳол ҳузури васеи чиниҳо дар тавсеаи лоиҳаҳои Тоҷикистон нигарониҳо аз вобаста шудани беш аз ҳадди кишвар ба ширкатҳои хориҷиро ба вуҷуд овардааст. Коршиносон мегӯянд, мумкин аст кишвар ба далели нотавонӣ дар баробари пардохти қарзҳои хориҷӣ дороиҳои табиӣ ва заминҳояшро дар ихтиёри созмонҳои бегона қарор диҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.