Муҳоҷири тоҷик дар Русия ҷони се кӯдакро наҷот дод

Як муҳоҷири 32-солаи тоҷик дар Русия бо номи Сайвалӣ Шарипов аз як хонаи оташгирифта се кӯдакро наҷот дод.

Ин амали қаҳрамононаи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ мавҷи таҳсинро ба бор овард.

Сомонаи “Азия Плюс” имрӯз дар ин бора гузориш дода, ки ин воқеа шоми 14-уми майи соли ҷорӣ дар Экетеренбурги Русия рух додааст.

Ба гуфтаи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Сайвалӣ ҳангоми хариди дору аз дорухонаи маҳаллӣ садои фарёди кӯдаконро шунида, ба самти сӯхтор шитофтааст. Ӯ бидуни дудилагӣ аз тиреза ба хонаи пур аз оташ даромада, кӯдаки аввалро мебарорад. 

“Кӯдак ба ӯ мегуяд, ки хоҳараш ҳанӯз дар дохил аст. Сайвалӣ боз ба хонаи оташгирифта баргашта, кӯдаки дуюми беҳушро берун мебарорад. Пас аз нафас рост кардан, ӯ бори сеюм бармегардад ва навҷавонеро, ки дар дохили бинои сӯхта буд, берун меорад.”, омадааст дар гузориш.

Шарипов, ки 16 сол боз дар Русия зиндагӣ ва кор мекунад, изҳор дошт: “Ман дар ин ҷо солҳои зиёд зиндагӣ ва кор кардаам. Ҳама дар ин минтақа маро мешиносанд. Ман танҳо кореро кардам, ки бовар дорам ҳар кас дар ҷои ман мебуд мекард.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки Сайвалӣ Шарипов аз ҷониби мақомоти Русия ё Тоҷикистон расман қадрдонӣ ё мукофоте хоҳад гирифт ё на.

Гуфта мешавад, чунин амалҳои қаҳрамонона аз тарафи муҳоҷирон ва шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд сар мезананд, вале ин воқеаҳо ба ахбори расмӣ ва қадрдонии мақомдорон намеанҷоманд.

Манбаъ дар ин бора меафзояд, ки ин қаҳрамонон дар интернет ситоиш мешаванд, аммо бисёриҳо мегӯянд, ки расонаҳои расмии Русия ва мақомот аксар вақт хабарҳои мусбатро дар бораи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ нодида мегиранд ва ба ҷои он ба ривоятҳои манфӣ мегароянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.