21.9 C
Dushanbe

Трамп: Байни Украина ва Русия ба ин зудиҳо сулҳ шуданӣ нест

Дафтари матбуоти президенти Русия хабар дод, ки рӯзи чоршанбе, 4-уми июни соли ҷорӣ гуфтугӯи раисҷумҳурони Амрико ва Русия баргузор гашт.

Гуфта мешавад, ин тамоси телефони байни Доналд Трамп ва Владимир Путин 1 соату 15 дақиқа давом кардааст. Кремл мегӯяд, гуфтугӯи дирӯзаи раисҷумҳурон “созанда” буд.

Ба гузориши расонаҳо ва ба нақл аз масъулони наздик ба Путин, “раҳбарони ду кишвар муколамаи мусбат ва созандае доштанд ва қарор шуд, ки тарафҳо дар тамоси доимӣ бошанд.”

Ба гуфтаи мушовири дипломатии Путин Юрий Ушаков, мавзуи аслии муколамаи Доналд Трамп ва Владимир Путин масъалаи Украина будааст. Трамп ҳам дар паёмаш дар Truth social бо ишора ба суҳбатҳои Путин дар бораи ҳамлаҳои паҳподии ахири Украина ба пойгоҳи ҳавоии Русия, таъкид карда, ки “ба назар мерасад, сулҳ байни Руися ва Украина ба ин зудиҳо шуданӣ нест.”

Ушков ба расонаҳо гуфта, ки Путин ба ҳамтои амрикоияш гуфтааст, Украина бо ин ҳамлаҳои ахираш талош кард музокироти сулҳро ба бунбаст бикашонад ва Русия бо тамоми қувва посух хоҳад дод.

Гуфтугӯи раисҷумҳурони Амрико ва Русия ва ба бунбаст расидани музокироти оташбаси Русия бо Украина дар ҳолест, ки 1-уми июни соли ҷорӣ Украина амалиёти васеи низомиро бо номи “Паутина” гузаронд. Дар ин амалиёт Украина бо дронҳои FPV ба чор пойгоҳи ҳавоии Русия ҳамла кард ва дар маҷмуъ беш аз сад ҳавопаймои низомии Русияро ҳадаф қарор дод. Ба гуфтаи Хадамоти амнияти Украина, 13 ҳавопаймои стратегӣ, аз ҷумла 9 бомбаандоз, мисли Ту-95 ва Ту-22М3 нобуд карда шуд.

Коршиносон зарарҳоеро, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба артиши Русия ворид кардааст, аз 1 то 7 миллиард доллар арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад сафи муҳоҷирони кориро кам кунад

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия тарҳи қонунеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он аз соли 2026 саҳми коргарони хориҷӣ дар нӯҳ бахши иқтисоди ин кишвар кам карда мешавад.

Ҳар касе ба назди фолбин меравад муҷозот мешавад?

Ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон тарҳи қонунеро пешниҳод кардааст, ки бар асоси он муроҷиат ба фолбин, ҷодугар ва сеҳрдон метавонад бо ҷарима муҷозот шавад.

Трамп: Зеленский метавонад дар бораи Қрим ва НАТО дигар фикр накунад

Владимир Зеленский рӯзи душанбе бо мақсади дидор бо Трамп ва гурӯҳе аз раҳбарони аврупоӣ ба Вашингтон сафар кард.

Тоҷикон 100 сол баъд пулдор мешаванд

Бонки ҷаҳонӣ ахиран дар гузориши нави худ таҳти унвони "Тезонидани рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ" дурнамои рушди чанде аз кишварҳоро баррасӣ кардааст.