Сахттар гардидани қонунҳо барои муҳоҷирон дар Русия

Дар Русия мехоҳанд сиёсати муҳоҷиратро боз ҳам сахттар кунанд.

Вакилон аз ҳизби “Одамони нав” дар Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки асосҳои иловагӣ барои ихроҷи муҳоҷирон ҷорӣ шаванд ва дастрасии шахсони хориҷӣ бо гузаштаи ҷиноятӣ ба фаъолияти корӣ дар Русия маҳдуд гардад.

Яке аз лоиҳаҳои қонун ба шаҳрвандони хориҷие дахл дорад, ки дар ҷойҳое зиндагӣ мекунанд, ки барои истиқомат пешбинӣ нашудаанд, мисли таҳхонаҳо, бомҳо, ҳуҷраҳои техникӣ ва партовгоҳҳо.

Раиси ҳизби “Одамони нав” Алексей Нечаев, бо ишора ба он ки дар партовгоҳи яке аз баландошёнаҳои шаҳри Хикми 7 муҳоҷир ҷойи хоб карда буданд, мегӯяд, чунин ҳолатҳо ба амният ва саломатии ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд ва бояд чунин афрод аз Русия ихроҷ шаванд.

Илова бар ин, вакилон аз ин ҳизб пешниҳод мекунад, ки платформаи рақамии “Мигрант ID”, ки ба иддао онҳо иҷораи расмии манзил ва сабту пардохтро назорат намуда, шаффофияти андозро таъмин менамояд, бояд роҳандозӣ шавад.

Лоиҳаи дигаре, ки аз ҷониби ҳизби “Одамони нав” ба ВКД-и Русия пешниҳод шудааст, ин манъи додани патент ва иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷие мебошад, ки дар гузашта зиндонӣ шудаанд.

Муовини роҳбари фраксияи ҳизби “Одамони нав” Сардана Авксентева иддао дорад, ки системаи ҳозираи назорати муҳоҷират филтрҳои заруриро дар бар намегирад ва ба онҳое, ки новобаста дар Русия ва хориҷ аз он ҷиноят содир кардаанд, имкон медиҳад, ки иҷозаи кориро дар Русия дастрас кунанд. Авксентева таъкид мекунад, ки ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо барои кор, бояд таҳқиқи автоматии гузаштаи ҷиноятии муҳоҷирон гузаронида шавад ва дар ҳолати ошкор шудан доғи судии муҳоҷир, иҷозати корияш фавран бекор карда шавад.

Пештар аз ин вакилон аз “ЛДПР” лоиҳаи қонунеро ба ҳукумати Русия фиристода буданд, ки дар он лағви нафақаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин дар Русия ВКД барои ҷалби ғайриқонунии нерӯи кории хориҷӣ масъулони бозорҳоро ҷарима ва ҳатто фаъолияти ин бозорҳоро манъ мекунад.

Бояд гуфт, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, давоми як соли ахир дар ин кишвар чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Инчунин дар ин муддат, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд. Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.