Як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон даргузашт

Шаби 9-уми июни соли ҷорӣ, Аслан Гулобови 35-сола, зиндонии сиёсии зодаи Бадахшон дар зиндони низомаш “крытый” дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Бино ба иттилои рӯзноманигор Анора Саркорова, сабаби эҳтимолии марги Гулобов хуруҷи захми меъда будааст, ки ба “перитонит” оварда расондааст. Бо вуҷуди шикоятҳои такрорӣ аз бад шудани вазъи саломатияш, дар зиндон ба ӯ кумаки тиббӣ сари вақт расонида нашуд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар шаҳри Хоруғ 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфта, ки давоми ду моҳи ахир аҳволи ӯ дар зиндон хеле бад буд. Наздиконаш ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафта, хоҳиш карданд, ки барои табобати Гулобов чора андешида шавад, аммо мақомот ин талабро нодида гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷасади Аслан Гулобовро бояд имрӯз барои дафн дар Хоруғ ба наздиконашон дода бошанд.

Ин дувумин мавриди фавти маҳбусони сиёсӣ дар соли ҷорӣ аз миёни зодагони Бадахшон дар ҳамин зиндон аст. Дар моҳи январи соли 2025 Қулмамад Паллаев, зиндонии 50-сола, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, бо нишонаҳои дарди шадиди меъда даргузашт. Ӯ низ пеш аз маргаш аз дард шикоят карда буд, вале ба кумаки тиббӣ даст наёфт.

Аслон Гулобов зодаи шаҳри Хоруғ буда, соли 2022 бо иттиҳоми даст доштан дар қатли генерали Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулло Назаров дар соли 2012 боздошт шуда буд. Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, парванда сохтакорӣ шуда, раванди тафтишот ва муҳокима пӯшида сурат гирифтааст. Ҳамзамон, маълум аст, ки Гулобов дар боздошт шиканҷа шудааст. Бо вуҷуди оне ки иттиҳоми мақомотро рад кардаанд, ҳамроҳи ӯ Ғуломалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков ва Хайримамад Дӯстмамадов ҳам умрбод зиндонӣ шуданд.

Инчунин ду пайванди дигараш, аз ҷумла амакзодааш Ниёзшоҳ Гулобов ба ҳабси абад ва Азим Гулобов ба 18 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Гуфта мешавад, ин афрод дар моҳҳои май-июни соли 2022 дар пайи эътирозҳои осоиштаи сокинон дар ВМКБ, ки мақомот даст ба қатли даҳҳо нафар заданд боздошт шуда буданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои демократӣ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки саркӯби эътирозҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон дар ин вилоят таҳқиқ шавад, вале мақомот ин талабу дархостҳоро мисли ҳамеша нодида мегиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.