Марги як мақомдор дар боздоштгоҳ пас аз эълони ҳукмаш

Собиқ декани факултаи биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Парвиз Рӯзизода пас аз эълони ҳукми додгоҳ, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд вафот кардааст.

Бино ба иттилои “Asia-Plus”, Рӯзизода, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти амнияти вилояти Суғд боздошт шуда буд, рӯзи 13-уми июн дар мурофиаи додгоҳие ба “пора гирифтани шахси мансабдор” (моддаи 319, қисми 3) ва “ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” (моддаи 139 қисми 2) гунаҳкор ва ба 17 соли зиндон маҳкум гашт.

Аммо пас аз эълони ҳукми додгоҳ, аниқтараш шаби 13-уми июн фишораш баланд шуда, дар боздоштгоҳ дилаш аз кор мондааст ва 14-уми июн ӯро дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт ба хок супориданд.

Гуфта мешавад, Парвиз Рӯзизода дар гузашта низ бо иттиҳоми вобаста ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ боздошт шуда буд, вале баъдтар ӯ боз ба кори муаллимӣ баргашта, вазифаи деканро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотие сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд Сафар Салимзода Донишгоҳи давлатии Хуҷандро муассисаи фасодзада номида, гуфта буд, ки дастикам 49 мавриди ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин донишгоҳро ошкор карда, нисбат ба панҷ корманди ин донишгоҳ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Он замон пас аз боздошти Парвиз Рӯзизода мақомот дар 11-уми марти соли 2025, Усмон Аюбзода, ректори ҳамин донишгоҳро бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт карданд, аммо то ҳол ҳукми ӯ содир нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.