25.9 C
Dushanbe

Падару писар дар Душанбе чанд биноро ба истифода доданд

Имрӯз, 20-уми июн, дар шаҳри Душанбе чанд иншооти нав бо иштироки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ расман ба истифода дода шуданд.

Бино ба иттиллои сомонаҳои ҳукуматӣ, яке аз ин иншоотҳо бинои нави “Шаҳри ҳушманд” дар кӯчаи Ҷалол Икромист, ки дорои чор ошёна, утоқҳои конфронс, маркази мониторинг, китобхона ва ҳатто толори варзишӣ мебошад ва барои беш аз 200 корманд пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ин бино ба хотири “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта шуда, сохторест, ки дар асоси охирин назарияҳои рақамикунонӣ такмил ёфтааст ва бо кумаки он идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва коммуникатсия ба роҳ монда мешавад.

Ва ҳадафи “Шаҳри ҳушманд” рақамигардонии хидматрасониҳо ва рушди иқтисоди рақамӣ мебошад. Аммо бо дарназардошти мушкилоти доимӣ дар соҳаи интернет, савияи пасти дониши рақамии аҳолӣ ва набудани шаффофият дар иҷрои лоиҳаҳои давлатӣ, бисёриҳо дар самаранокии чунин иқдомҳо шак доранд. Бояд гуфт, ки то ҳол арзёбии мустақили фаъолияти худи “Шаҳри ҳушманд”, ки аз 7-уми майи соли 2019 зери шаҳрдории Душанбе кор мекунад низ мавҷуд нест.

Дар идомаи пардабардориҳо падару писар дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои беш аз 60 утоқи корӣ ва имкониятҳои таълимӣ мебошад, ба истифода додаанд. Гуфта мешавад, ин марказ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хидмати баландсифати таббӣ расонад ва ҳадаф баланд бардоштани сатҳи омодагии амалӣ ва хидматрасонии тиббии донишҷӯён ва омӯзгорон аст.

Инчунин раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе дар кушодашавии кӯдакистони “Дурахшон”, ки бо маблағи беш аз 20 миллион сомонии соҳибкори маҳаллӣ Неъматулло Ҳаитов сохта шуда ва барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст, иштирок кардаанд.

Аммо бо вуҷуди хусусӣ будани маблағгузорӣ дар сохтмони он расонаҳои давлатӣ ба истифода додани кӯдакистонро “туҳфаи арзандаи Пешвои миллат дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол” номидаанд.

Ҳамзамон Раҳмонов ва Руста дар давоми рӯз аз гармхонаи “Донаҳои умед”, ки 1,5 гектарро дарбар ва 10 нафар дар он кор мекунанд, дидан кардаанд.

Бояд гуфт, сарфи назар аз он ки дар Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар пайваста иншоотҳои нав сохта мешаванд, раванди умумии муҳоҷирати аҳолии қобили кори кишвар тағйир наёфта, даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳамарӯза ба кишварҳои хориҷӣ барои дарёфти кор ва даромад мераванд ва ин маросимҳои бо тантана ба истифода додани иншоотҳо бо суханрониҳо дар бораи таъсиси даҳҳо ё садҳо ҷойи корӣ бо воқеият мухолифат мекунад.

Ҳатто ҳолатҳое дар кишвар вуҷуд доранд, ки баъзе аз чунин биноҳо ва корхонаҳо баъд аз маросими пурхарҷи ифтитоҳ амалан фаъолият намекунанд ё бо иқтидори нокифоя кор мекунанд ва ё умуман баста мешаванд.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳадафи асосии бо тантана ифтитоҳ намудани биноҳо таблиғотии сиёсӣ ва расонаии Эмомалӣ Раҳмону наздиконаш буда, мехоҳанд Президент ва аъзои наздики оилаи ӯ ҳамчун ягона ташаббускорон ва созандагони кишвар муаррифӣ шаванд, на аз байн бурдани камбизоатӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва гаронӣ дар кишвар аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танҳо дар панҷ моҳ Русия аз муҳоҷирон 805 миллион доллар фойда ба даст овард

Дар панҷ моҳи аввали соли 2025 муҳоҷирони корӣ ба...

Нигаронии СММ аз ташдиди танишҳо байни Эрону Исроил

Созмони Милали Муттаҳид аз паёмади ҷанги Исроилу Эрон ва афзоиши шумори оворагону муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кард.

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена баргузор гардид.

Оғози амалиёти “Нелегал” дар Челябинск

Дар вилояти Челябински Федератсияи Русия "рейд"-и муҳоҷирон бо номи амалиёти "Нелегал" оғоз ёфтааст.