31.9 C
Dushanbe

Гуфтугӯҳо миёни Трампу Натанёҳу ба чӣ анҷомид?

Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил рӯзи душанбе барои мулоқот бо Доналд Трамп ба Амрико сафар кард.

Ба иттилои расонаҳо, байни Трамп ва Натанёҳу дидору мулоқотҳои аланӣ ва пасипардагӣ сурат гирифт, ки аз ҷузъиёти гуфтугӯҳои бидуни ҳузури расонаҳо чизи зиёде маълум нест. Танҳо чизе, ки худи Натанёҳу баъдтар ба расонаҳо гуфт, ин аст, ки гуфтӯгӯ миёни ӯ ва Трамп бештар дар мавриди талошҳо барои бозгардонидани гаравгонҳо аз дасти ҲАМОС будааст.

Натанёҳу ба расонаҳо гуфта, ки дар бораи баргардонидани гаравгонҳо ва бесилоҳ намудани ҲАМОС ва идораи мимбаъдаи Ғазза бидуни ҲАМСО-ро бо Трамп гуфтугӯ кардааст. Трамп ва Натанёҳу бо ҳам масъалаи ҳамла ба зерсохторҳои Эронро баррасӣ карда, онро “комёбии бузург” номидаанд.

Аммо расонаи исроилии “Ядиут Аҳранут” навишта, ки дар суҳбатаҳои хусусӣ зоҳиран Трамп болои Натанёҳу барои поён додани ҷанг дар Ғазза фишори зиёд овардааст. Зеро Трамп ба такрор вазъи Ғаззаро “фоҷиабор” номид.

Дар як нишасти ҷудогонаи дигаре, ки байни Трамп ва Натанёҳу ва ҳайаташ дар ҳузури расонаҳо сурат гирифт, Трамп дар мавриди оташбас ва эълони поёни ҷанг мепурсад. Дар ин нишаст, намояндаи Амрико дар Ховари Миёна Стив Витков мегӯяд, талош дорад то поёни ҳафтаи ҷорӣ ва ё ҳафтаи оянда ин оташбас ба даст биёяд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Вазорати хориҷии Қатар Моҷид Ансорӣ ба расонаҳо гуфт, “Он чи дар робита ба гуфтушунидҳо дар мавриди оташбас миёни Исроил ва ҲАМОС мегузарад, умумӣ аст ва ҳоло ба таври муфассал шуруъ нашудааст.” Ӯ афзуда, ки талоши миёнаравҳо барои эҷоди як оташбаси доимӣ идома дорад, вале дар бораи эълони натиҷаҳо ҳанӯз зуд аст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қатар, нақшаи Исроил дар мавриди ба таври маҷбурӣ муҳоҷир кунондани мардуми Ғазза ва ба дигар ҷой кӯчондани онҳо дар ин гуфтушунидҳо матраҳ нест.

Аммо тарҳи Амрико дар мавриди оташбас ин аст, ки дар аввал ба муддати 60 рӯз оташбас эълон мешавад ва дар ин муддат тамоми асирони исроилӣ, ки дар дасти ҲАМОС ҳастанд – тақрибан адади зиндаҳо 20 нафар гуфта мешавад – озод мешаванд ва ҳаминтавр артиши Исроил ба тадриҷ аз хоки Ғазза берун мебарояд ва ҷанг пурра хотима дода мешавад.

Аммо ин тарҳи Амрико аз ҷониби баъзе вазирони исроилӣ, аз ҷумла Смотрич ва Бин-Ғафир, вазирони молия ва амнияти дохилии Исроил мавриди интиқод қарор гирифта, намехоҳанд ҷанг дар Ғазза поён ёбад. Ин ду вазири тундгаро рӯзи сешанбе дар изҳороте исрор карданд, ки набояд оташбас шавад ва ҳеч навъ кумакҳои инсонӣ вориди Ғазза нашавад ва то дами марг зану кӯдакони Ғаззаро гурусна бояд нигоҳ дошт ва сипас боқимондаро аз ин борика ба дигар макон кӯчонид.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ба сабаби нигарониҳои мардуми Исроил аз нооромиҳо ва ҷанге, ки 21 моҳ боз дар Ғазза идома дораду ҳеч натиҷаи малмусе надодааст, эҳтимол меравад ҳукумати ин кишвар низ оташбасро бипазирад.

Гуфта мешавад, яке аз ҳадафҳои аслии ҳамлаи беамони Исроил ба Ғазза ин озодии гаравгонҳо буд, ки то ҳол ба озод кардани яктои онҳо ҳам муваффақ нашудааст. Тахмин зада мешавад, ки ҳоло дар Ғазза аз 50 гаравгони боқимонда шояд 20 каси дигар зинда монда бошад.

Ёдовар мешавем, ки Исроил пас аз 7-уми октябри соли 2023 ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худро ба Ғазза оғоз кард, ки то кунун идома дорад. Ин ҳамлаи низомии Исроил то кунун 194 ҳазор кушта ва захмӣ дар Ғазза баҷо гузошта, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон бештар аз 11 ҳазор нафари дигар дар зери овораҳо беному нишон гаштаанд.

Тибқи иттилои расмии Исроил, аз оғози ҷанг 883 сарбози исроилӣ дар Ғазза бо дасти ҲАМОС кушта шуда, 6060 сарбози дигар захмҳои гуногун бардоштаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ДБҶ ҳукми боздошти ду раҳбари Толибонро содир кард

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ (ICC), воқеъ дар шаҳри Ҳагаи Нидерландия, барои ду раҳбари аршади Толибон, Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ ҳукми боздошт содир намуд.

Ҳукми зиндони Дилмурод маълум шуд

Мақомоти Тоҷикистон фаъоли сиёсӣ ва узви ҶИРТ Дилмурод Эргашевро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.