23.9 C
Dushanbe

Баргузории нишасти навбатии ҲНИТ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти худ дар Олмон чор нафар узви ҷадидеро дар Раёсати Олии худ қабул кардааст.

13-уми июли соли 2025 нишасти Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор шуд.

Сухангӯи ин ҳизб, Бобоҷон Қаюмзод бо нашри як иттилоия гуфтааст, ки дар раванди идомаи “ислоҳот ва таҳкими фаъолият” дар ин нишаст, Муҳиддин Кабирӣ, “раиси ҲНИТ дар ҷаласа номзадии Саидмаҳмуд Саидов, Абдуқодир Шехов, Шавкат Шарипов ва Фарҳод Одинаевро барои узвият дар Раёсати Олии ҳизб пешниҳод кард. Пас аз баррасӣ ва овоздиҳии аъзои Раёсат, ҳамаи ин чаҳор нафар бо ҷонибдории аксарият ба ҳайати Раёсати Олии ҲНИТ шомил гардиданд.”

Аммо дере нагузашта, саҳифаи мансуб ба Муҳаммадҷони Нурӣ, писари раиси пешин ва яке аз муассисони ин ҳизб Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ин қарори Раёсати Олии ҲНИТ вокуниш нишон дода навишт, ки “Ҷаноби М. К! (Муҳиддин Кабирӣ), як ҳиммати дига мекардед аммама кати очам узви Раёсат мекардед, рӯҳи Устод аз шумо шоду розӣ хоҳад шуд.”

Аз сӯи дигар, Муҳаммадиқболи Садриддин, писари мулло Қаландари Садриддин, яке дигар аз муассисони ҲНИТ ҳам кӯтоҳ навишта, ки “Ислоҳот идома дорад… 3+1=3 Яъне ончи мехоҳам мекунам!

Гуфта мешавад, Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Иломии Тоҷикистон, ки то кунун 29 нафар узв дошт, ва бо истеъфои ду нафар аз онҳо, Муҳаммадкарими Орзӯ ва Азимҷон Ваҳҳобов ба 27 нафар расиданд ва бо қабули ин чор нафари ҷадид, теъдоди аъзои Раёсати Олии ҲНИТ ба 31 нафар расиданд.

Пеш аз ин ҲНИТ дар рафти тағйирот ва ислоҳоти худ, фаъолияти Оинномаи худро ба як низомномаи даврони ҳиҷрат табдил дода, интихоби раис барои чор сол ва се муовини ӯ, ки хосси даврони ҳиҷрат дониста мешаванд, инчунин раиси Комиссияи тафтишоти ин ҳизбро ҳам дар табъид қабул карда буданд.

Аммо дар робита ба вазъи муовинони зиндонии ин ҳизб гуфта мешавад, ки бо маҳзи бозгашт ба Тоҷикистон ва озод шудани муовинони зиндонии ҲНИТ фаъолияти ин ҳизб ба сурати худкор тибқи оинномаи он баргашта, муовинони зиндонӣ дубора ба сари вазифаҳои худ бархоҳанд гашт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишастҳои матбуотии вазоратхонаҳо шурӯъ мешавад.

Қарор аст, шурӯъ аз 21-уми июли соли ҷорӣ нишастҳои...

Норасоии оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳукумати...

Русияву Чин вазъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин дар рафти мулоқоти...

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.