Камбуди ронанда дар Хабаровск

Мақомот дар вилояти Хабаровски Русия эҳтимол дорад қарори қаблан ҷоришудаи манъи кори шаҳрвандони хориҷиро дар бахши нақлиёти ҷамъиятӣ бозбинӣ намоянд.

Бино ба иттилои сомонаи “Vostok today”, ин иқдом ба норасоии шадиди ронандагон дар хатсайрҳои шаҳрии вилоят вобаста аст.

Гуфта мешавад, дар аввали соли ҷорӣ мақомоти вилояти Хабаровск мисли дигар шаҳру ноҳияҳои Русия кори муҳоҷиронро дар чанд соҳа, аз ҷумла дар мусофиркашонӣ манъ карда буд. Он замон ин тасмим аз ҷониби миллатгароҳои рус ҷонибдорӣ шуд, вале ҳомиёни ҳуқуқ онро намунаи сиёсати сахти муҳоҷиратӣ ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ номида буданд.

Аммо баъди чанд моҳ дар ин вилоят мушкилоти ҷиддӣ ба миён омада, сокинон аз он шикоят доранд, ки автобусҳо аз вақташ дер меоянд ва ё тамоман намеоянд. Инчунин, ширкатҳои нақлиётӣ низ мегӯянд, ки дар баъзе хатсайрҳо камбуди ҳайати ронандагон ба 50% расида, ин боиси қатъ шудани рейсҳо ва риоя нашудани ҷадвали ҳаракат дар роҳҳо мегардад.

Мақомоти шаҳр барои бартараф намудани ин мушкилот бо ҷалби сокинони бумӣ ба кор, музди меҳнатро боло бурда, ба кормандон ҷойи зист дар хобгоҳ пешниҳод кардаанд, вале ин тадбирҳо натиҷаи назаррасе наовардаанд.

Раиси Комиссияи хоҷагии шаҳр ва нақлиёти Палатаи ҷамъиятии Хабаровск Елена Шадуя низ бар ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир бидуни ҷалби муҳоҷирон ҳал кардани ин мушкил ғайриимкон аст.

Ба гуфтаи хонум Шадуя, ширкатҳои нақлиётӣ борҳо аз мақомот хоҳиш карданд, ки ин маҳдудият бекор карда шавад ва ҳоло мақомот ба зарурати бознигарии ин қарор майл доранд.

Бояд гуфт, Хабаровск дар Русия ягона вилояте нест, ки бо ин навъ мушкил рӯ ба рӯ шудаааст. Дигар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар низ бо вуҷуди ҷалби муҳоҷирон аз кишварҳои африқоӣ, Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустону Непал дар соҳаҳои мусофиркашонӣ, сохтмон, пайкрасонӣ ва ғайра, ки асосан дар онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ кор мекарданд, бо камбуди коргар мувоҷеҳ шудаанд ва мақомоти баъзе аз минтақаҳо мехоҳанд ин маҳдудиятҳоро бардоранд.

Вале маълум нест, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба корҳои қаблии худ, ки аз он ронда шуда буданд, дубора бар мегарданд ё не. Чун давоми ду соли ахир, бахусус пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбаронаш муҳоҷирон мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбат ба муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд.

Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд. Инчунин дар ин муддат дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.