Нуздаҳ нафаре, ки дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии «Крокус Сити Холл» дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав гумонбаранд, аз боздоштгоҳ ба Суди ҳарбии Округи 2‑уми ғарбии Маскав бурда шудаанд.
Бино ба иттилои ТАСС, гумонбарон дар мурофиаи пешакӣ, ки пушти дарҳои баста имрӯз, 21-уми июл баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Инчунин аз 2 ҳазору 300 нафаре, ки ҳамчун ҷабрдида дар ин парванда шинохта шудаанд, тақрибан 150 каси онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ бевосита иштирок хоҳанд кард.
Дар ҷараёни имурофиаи имрӯза, додрас бояд санаи оғози баррасии асосии парванда ва биноеро, ки дар он мурофиаҳои судӣ баргузор мешаванд, муайян намояд .
Гуфта мешавад, маводи парвандаи ҳамла ба “Крокус” аз 470 ҷилд ва натиҷаи беш аз 200 ташхиси гуногун дар бораи айбдоршавандагон иборат буда, онро ҳайати иборат аз се додрас баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли гузашта пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чор нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 149 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 609 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 1 нафар бе ному нишон шудааст. Бино ба баҳогузории Кумитаи тафтишотӣ, зарари умумии расонидашуда тақрибан 6 миллиард рублро ташкил медиҳад.
Пас аз ҳамла, гумонбарон талош карданд бо мошин фирор кунанд, вале онҳо дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Тибқи иттилои вакили дифои яке аз муттаҳамон, тафтишот бар он аст, ки иштирокчиёни ҳамла аз ҷониби ташкилоти террористии “Вилояти Хуросон”-и “ДИИШ” ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми ҳамла гумонбарон мехостанд ба Украина фирор кунанд, чун бовар доштанд, ки аз он ҷо ба Русия супурда намешаванд.
Мақомоти рус чор зодаи Тоҷикистон Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо гумонбарони асосии ин ҳамла медонанд ва иддао доранд, ки онҳо айбномаро пазируфтанд.
Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.
Кумитаи тафтишотии Русия пеш аз фиристодани парванда ба прокуратура иддао карда, ки ҳамла “ба манфиати роҳбарияти Украина” тарҳрезиву анҷом дода шудааст ва ҳадаф ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Русия будааст. Аммо мақомоти Украина пештар ҳамагуна даст доштан дар ин ҳамларо рад карда, он замон бо нашри навори ҳамла гурӯҳи террористии “ДИИШ” масъулияти ҳодисаро ба дӯш гирифта буд.
Ҳамзамон ин ниҳоди интизомии Русия мегӯяд, ки омодагии ҳамлагарон чанд моҳ идома ёфта, бархе аз айбдоршавандагон аз хориҷ, ки он ҷо омӯзиш дидаанд, ба Русия омадаанд, аммо макони омӯзиш зикр намешавад.
Гузашта аз ин, тафтишот муайян кардааст, ки гурӯҳи айбдоршавандагон қасд доштаанд дар шаҳри Каспийски Ҷумҳурии Доғистон як ҳамлаи дигари террористӣ низ анҷом диҳанд, вале он пешгирӣ шудааст.
Мувофиқи иддаои Кумитаи тафтишотӣ, силоҳҳое, ки дар ҳамлаи “Крокус” истифода шудаанд, тавассути ҳамин шаҳр ба вилояти Маскав интиқол ёфтаанд.