Эроншо Маҳмадраҳимови 39-сола, зиндонии сиёсӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 23-юми июни соли ҷорӣ дар зиндони рақами 6-и Ваҳдат даргузашт.
Гуфта мешавад, марҳум бародари Меҳрон Маҳмадраҳимов, яке аз фаъолони ҷамъиятии ВМКБ мебошад.
Рӯзноманигори шинохта Анора Саркорова дар истинод ба манобеаш сабаби марги ин зодаи деҳаи Рошорви Рӯшонро беморие гуфтааст, ки дар натиҷаи шиканҷаи ва фишори равонии бардавом сар задааст.
Бино ба навиштаи манбаъ, Эроншо Маҳмадраҳимов соли 2021 боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум гардида, дар ин муддат борҳо ба шиканҷа, латтукӯб, бозпурсӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва нигоҳдорӣ дар утоқи ҷазо (карсер) рӯ ба рӯ шудааст.
Пайвандони Эроншо ҳадаф аз ин фишорҳоро маҷбур кардани бародараш Меҳрон ба бозгашт ба Тоҷикистон номидаанд.
Меҳрон Маҳмадраҳимов, ки дар Русия иқомат дорад, соли 2022 дар як муроҷиати видеоӣ аз мақомоти тоҷик талаб карда буд, ки боздоштҳои худсарона дар Бадахшонро қатъ кунанд, қатли Гулбиддин Зиёбеков таҳқиқ ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо пас аз ин, КДАМ фишор болои хешовандони ӯро сахттар кард.
Бино ба иттилои манбаъҳо, моҳи феврали соли 2025 пас аз бозпурсии навбатӣ, Эроншоро боз ба карсери сарду намнок андохтаанд ва чанд моҳи охирро дар он сипарӣ кардааст, ки дар натиҷа ба илтиҳоби шадиди шуш мубтало гаштааст.
Дархостҳои такрории ӯ ва наздиконаш барои кумаки тиббӣ ва интиқол ба бемористон аз ҷониби маъмурияти маҳбас нодида гирифта шуданд ва билохира ҷасадашро ба волидонаш супурдаад ва ӯ дар зодгоҳаш деҳаи Рошорв ба хок супурда шуд.
Сабаби расмии маргро мақомот ҷамъ шудани моеъ дар шуш гуфтаанд, аммо наздиконаш мегӯянд, ки пеш аз ҳабс Эроншо комилан солим буд ва аз ягон бемории музмин ранҷ намекашид.
Гуфта мешавад, дар чанд моҳи ахир ин чорумин ҳолати марги зодагони Бадахшон дар зиндонҳои Тоҷикистон мебошад. Пеш аз Эроншо хабари марги Музаффар Давлатмиров, рӯҳонии маъруфи 61-сола аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар зиндони шаҳри Ёвон ва Кулмамад Паллаев, фаъоли ҷамъиятӣ аз ноҳияи Рӯшон ва Аслан Гулобов аз Хоруғ, ки ҳар ду маҳкум ба ҳабси абад буданд, нашр шуда буданд.