Ҳукми 8,5 соли зиндон барои Шарофиддин дар Русия

Раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев дар Русия ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав ҳукмро рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ғайби Гадоев содир намуда, ӯро ба паҳн кардани хабарҳои дурӯғ дар бораи артиши Русия ва ҷанги ин кишвар алайҳи Украина муттаҳам кардааст.

Ҳамчунин бо ҳамин иттиҳом дар Русия Муҳаммадиқболи Садриддин, мухолифи сарсахти режими Раҳмонов ва мудири пойгоҳи “Isloh.net” ғоибона маҳкум ба зиндон шудааст, вале ба чанд соли зиндон маълум нест. 

Дар ҷараёни мурофиаи ғоибона, ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун шоҳиди айбдоркунӣ баромад карда, яке аз онҳо, ки худро омӯзгори динӣ Хайриддин Дастаков муаррифӣ намуд, изҳор доштааст, ки Гадоев дар байни муҳоҷирони тоҷик таблиғоти зидди Русия мебарад ва гӯё ҳадафи онҳо “табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон” мебошад. Инчунин Дастаков таъкид кардааст, ки “то замоне ки Русияи қавӣ аст, онҳо ҳеҷ кор карда наметавонанд”.

Аммо вакили таъйиншудаи раҳбари ҶИРТ Шарофиддин Гадоев дар мурофиа гуфта, ки гуноҳи зерҳимояаш собит нашудааст ва хостааст ӯро сафед кунанд.

Пас аз содир шудани ҳукм нисбати ин мухолифи режими имрӯзаи Тоҷикистон, эҳтимол меравад, ки болои тоҷикистониҳое, ки ба саҳифаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шудаанд ва дар Русия қарор доранд, мушкилӣ эҷод шавад.

Гуфта мешавад, мақомоти Русия алайҳи ӯ пас аз нашри навори 20-дақиқаӣ дар соли 2022 дар шабакаи “ISLOH”, ки дар он аз кушта шудани шаҳрвандони Украина аз ҷониби сарбозони рус ҳикоят мекард, парвандаи ҷиноӣ боз намуда буданд.

Худи Гадоев он замон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноӣ дар Русия ба фаъолиятҳои сиёсиаш ва тарафдорияш аз Украина рабт дорад.

Шарофиддин Гадоев, ки паноҳандагии Ҳолландро дорад, дар соли 2019 вақти сафар ба Маскав рабуда ва иҷборан ба Душанбе фиристода шуда буд. Ӯ тавонист бо пуштибонии Вазорати хориҷии Ҳолланд ва Вазорати хориҷии Олмон ба Аврупо баргардонида шавад. Баъд аз баргашташ Гадоев ба расонаҳо гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву маҷбур карда буданд, ки дар наворҳои таблиғотии Ҳукумат гап занад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.