Зиёд шудани задухӯрдҳо дар марз бо Афғонистон

Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2025 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 10 даргирии мусаллаҳона байни нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон ба қайд гирифта шудааст.

Зафар Самад, раиси Агентии зиддинашъаи Тоҷикистон рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки шумораи чунин ҳодисаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки он вақт ҳамагӣ 6 ҳодисаи сабт шуда буд, афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, аксари задухӯрдҳо дар манотиқи наздисарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ин мақомдор, дар натиҷаи даргириҳо 4 қочоқбари маводи мухаддир, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Афғонистон буданд, кушта шудаанд.

Зафар Самад иддао кардааст, ки қочоқбарон дар баъзе ҳолатҳо бо аслиҳаи вазнин ва таҷҳизоти муосир мусаллаҳ буданд.

Ӯ инчунин Афғонистонро манбаи аслии воридшавии маводи мухаддир ба Тоҷикистон номида, гуфтааст, ки танҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон 1 тоннаву 692 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 54,4 дарсади ҳаҷми умумии мусодирашуда дар кишварро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ дар шаш моҳи аввали соли равон 3 тоннаву 107 килограмм маводи мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон мусодира гардидааст, ки 10 килограмму 388 грамм зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мубошад.

Ин омор дар ҳолест, ки ба иддаои Зафар Самад мақомоти кишвар дар шароити ноороми вазъи Афғонистон тадобири амниятӣ дар марзро тақвият дода, ҳамкориҳои байналмилалӣ барои мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддирро низ афзоиш дода истодаанд.

Дар ҳоле ин мақомдори тоҷик Афғонистонро манбаи аслии воридшавии маводи мухаддир ба Тоҷикистон меномад, ки борҳо Толибон кишварҳои ҳамсояро муттаҳам кардаанд, ки қочоқи ин мавод аз ҷониби онҳо низ зиёд сурат мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Асадулло Бобоев баъди ихроҷ аз Олмон дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Асадулло Бобоев, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ ва пас аз расидан ба Душанбе боздошт шуда буд, ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?