Баррасии парвандаи ҳамлаи хунин ба “Крокус” дар додгоҳ

Имрӯз, 4-уми август дар толори бузурги Додгоҳи шаҳри Маскав пушти дарҳои баста муҳокимаи гумонбарони ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” баргузор гардид.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дар курсии гумонбарони ҳамла 19 нафар нишастаанд, ки аз онҳо 2 нафарашон зодаи Ингушистон, 1 зодаи Қирғизистон ва боқимонда зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Инчунин аз 2 ҳазору 300 нафаре, ки ҳамчун ҷабрдида дар ин парванда шинохта шудаанд, тақрибан 150 каси онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ бевосита иштирок хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, маводи парвандаи ҳамла ба “Крокус” аз 470 ҷилд ва натиҷаи беш аз 200 ташхиси гуногун дар бораи айбдоршавандагон иборат буда, онро ҳайати иборат аз се додрас бо раҳбарии Тимур Жидков баррасӣ хоҳанд кард. 

Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли гузашта пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чор нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 149 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 609 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 1 нафар бе ному нишон шудааст. Бино ба баҳогузории Кумитаи тафтишотӣ, зарари умумии расонидашуда тақрибан 6 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Пас аз ҳамла, гумонбарон талош карданд бо мошин фирор кунанд, вале онҳо дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Тибқи иттилои вакили дифои яке аз муттаҳамон, тафтишот бар он аст, ки иштирокчиёни ҳамла аз ҷониби ташкилоти террористии “Вилояти Хуросон”-и ДИИШ ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми ҳамла гумонбарон мехостанд ба Украина фирор кунанд, чун бовар доштанд, ки аз он ҷо ба Русия супурда намешаванд.

Мақомоти рус чор зодаи Тоҷикистон – Далерҷон Мирзоеви 32-сола, Саидакрам Раҷабализодаи 30-сола, Шамсидин Фаридуни 25-сола ва Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо аъзои гурӯҳи террористии “Вилояти Хуросон”-и ДИИШ номида, онҳоро гумонбарони асосии ин ҳамла медонанд ва иддао доранд, ки онҳо ҳангоми тафтишот ва ҳам мурофиаи додгоҳии имрӯза айбномаро пазируфтанд.

Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳатҳои вазнин дар сару рӯяшон намоиш дода буданд.

Мақомоти Русия понздаҳ гумонбари дигарро кӯмакрасон ва шахсони мусаллаҳсози террористон унвон кардаанд, вале аксари онҳо ин иттиҳомотро рад кардаанд.

Ҳамчунин чанд нафари дигар, аз ҷумла Муҳаммадраҳим Файзов, бародари Муҳаммадсобир Файзов, Умедҷон Солиев ва Зубайдулло Исмоиловро мақомоти Русия дар доираи ин парванда дар пайгард қарор додаанд ва эҳтимол онҳоро аз Туркия ба Русия истирдод кунанд.

Кумитаи тафтишотии Русия иддао дорад, ки ҳамла “ба манфиати роҳбарияти Украина” тарҳрезиву анҷом дода шудааст ва ҳадаф ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Русия будааст. Аммо мақомоти Украина пештар ҳамагуна даст доштан дар ин ҳамларо рад карда, он замон бо нашри навори ҳамла гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳодисаро ба дӯш гирифта буд.

Ҳамзамон ин ниҳоди интизомии Русия мегӯяд, ки омодагии ҳамлагарон чанд моҳ идома ёфта, бархе аз айбдоршавандагон аз хориҷ, ки он ҷо омӯзиш дидаанд, ба Русия омадаанд, аммо макони омӯзиш зикр намешавад.

Гузашта аз ин, тафтишот муайян кардааст, ки гурӯҳи айбдоршавандагон қасд доштаанд дар шаҳри Каспийски Ҷумҳурии Доғистон як ҳамлаи дигари террористӣ низ анҷом диҳанд, вале он пешгирӣ шудааст.

Мувофиқи иддаои Кумитаи тафтишотӣ, силоҳҳое, ки дар ҳамлаи “Крокус” истифода шудаанд, тавассути ҳамин шаҳр ба вилояти Маскав интиқол ёфтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.