21.9 C
Dushanbe

Вокуниши 8 созмон ба таъқибу фишор болои зодагони Бадахшон

Ҳашт созмони байналмилалии ҳуқуқи башар бо нашри изҳороти муштарак аз идомаи таъқибу фишори системавии мақомоти Тоҷикистон алайҳи помириҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи 4-уми августи соли ҷорӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки таъқиби помириҳо дар Тоҷикистон пас аз саркӯби эътирозҳои осоишта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар соли 2022 шадидтар шудааст.

Инчунин ин созмонҳо ба марги мармузи чаҳор фаъоли зодаи Бадахшон дар зиндонҳо вокуниш нишон дода, мегӯянд, ки сабаби марги Кулмамад Паллаеви 50-сола, Аслан Гулобови 35-сола, Музаффар Давлатмирови 61-сола ва Эроншо Мамадраҳимови 39-сола маҳрум намудан аз кумаки тиббии зарурӣ мебошад.

Дар изҳорот таъкид мешавад, ки шароити номусоиди зиндонҳо, набудани дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва марги зиндониён дар боздоштгоҳҳо мушкили системавӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ёдовар мешаванд, ки дар эътирозҳои моҳи майи соли 2022 дар ВМКБ, ки интернет 100 рӯз қатъ шуда буд, мақомот тахминан 40 нафарро кушта ва 205 фаъолро боздошт кардаанд. Зиёда аз 20 фаъоли помирӣ аз Русия иҷборан баргардонида шуда, бо муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Гуфта мешавад, ба сабаби фишорҳои ҳукумат, солҳои 2022–2023 тахминан 50 ҳазор нафар — ё 25% аҳолии ВМКБ — маҷбур шуданд минтақаи худро тарк кунанд ва ҳазорон нафари онҳо паноҳанда дар Аврупо, ИМА ва Канада шуданд. Ҳамзамон пас аз соли 2022 фаъолтияти 700 созмони ғайридавлатӣ дар ин вилоят қатъ гардидааст.

Дар изҳороти ин 8 созмон гуфта мешавад, ки моҳи марти соли 2025, бо фармони Президенти Тоҷикистон 897 маҳбус афв шуд, вале ягон зодаи Бадахшон шомили афв нагашт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона озодии фаврии Фаромуз Иргашов, Манучеҳр Холиқназаров, Улфатхоним Мамадшоева, Хурсанд Мамадшоев ва Сорбон Юноевро талаб кардааст.

Дар изҳорот аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки ба таъқиби системавии зодагони Бадахшон хотима бахшида, ҳамаи маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигоронро озод кунад, шиканҷаро қатъ карда, дастрасии маҳбусонро ба кумаки тиббӣ таъмин созад ва ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва забонии помириёнро барқарор намояд.

Дар изҳороти муштараки созмонҳо аз СММ, ИА ва дигар кишварҳо даъват шуда, ки механизми мустақили тафтиши СММ роҳандозӣ шавад, то дастрасии созмонҳои байналмилалиро ба зиндонҳои Тоҷикистон фароҳам созад. Инчунин аз СММ хоста шуда, ки аз фишангҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ истифода намуда, Тоҷикистонро маҷбур созад, ки ҳама помириҳои худсарона боздоштшударо озод кунад.

Инчунин созмонҳо талаб кардаанд, ки аз давлатҳои ҳамсоя ва Русия хоста шавад, то дар таъқибҳои фаромиллӣ ширкат накунанд ва алайҳи мансабдорони масъули таъқибҳо таҳрим ва манъи сафар ҷорӣ намоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як узви “Гурӯҳи 24” дар сарҳади Арманистон

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз боздошти узви фаъолаш Холов Исмоил дар сарҳади Арманистон хабар дод.

Эълони таъсиси ҳаракати нав дар хориҷ аз ҷониби мухолифони Раҳмонов

Як гурӯҳ аз мухолифони режими имрӯзаи Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар аз таъсиси як ҳаракати нави сиёсӣ хабар доданд.

Бонки Душанбе Сити мардумро масхара мекунад?

Рӯзи 5-уми август қисме аз муштариёни бонки "Душанбе Сити" аз кор накардани барномаи мобилӣ ва банкоматҳои ин бонк шикоят карданд.

Сафари фиристодаи Трамп ба Маскав ва дидор бо Путин

Рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ намояндаи махсуси президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Виткофф ба Маскав сафар кард.