Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар шабкаи иҷтимоии “Х” навишта, ки зархаридони тоҷик дар сафи пеши ҷабҳа аз ҷониби Русия бо мо меҷанганд.
Дар ин паёми Зеленский, ки дар шабакаи “Х” бо номи худи ӯ нашр шудааст, гуфта мешавад, раисҷумҳур рӯзи 4-уми август дар шаҳри Волчанск бо Подагони 17-уми қувваҳои дифоии кишвараш мулоқот кардааст.
Ӯ менависад, зимни мулоқот бо нерӯҳои артиши кишвараш маълум гашта, ки дар сафи пеши ҷабҳа аз ҷониби артиши Русия зархаридон аз кишварҳои Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Покистон ва кишварҳои африқоӣ ҳузур доранд ва алайҳи Украина меҷанганд.
Президенти Украина таъкид мекунад, ки “ба чунин ҳолатҳо посухи сазовор дода хоҳад шуд”. Аммо гуфта нашудааст, ки посухи Украина ба чунин зархаридон ба чӣ шакл хоҳад буд.
Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи артиши Русия ва ҳузури онҳо дар сафи пеши ҷабҳаи ҷанг алайҳи Украина борҳо нашр шудааст. Аммо то ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон расман тасдиқ накардаанд, ки чанд нафар аз шаҳрввандони кишвар дар ин ҷанг ширкат доранд ва аз байни онҳо чанд нафарашон шаҳрвандии Русияро доранд.
Қаблан хабарҳо нашр шуда буд, ки мақомоти низомии Русия зиндониёни шаҳрвнадони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Русия зиндонӣ шудаанд ва ё муҳоҷироне, ки мушкилоти асноди будубош доранд, бо ваъдаи озодӣ ва додани шаҳрвандии Руися онҳоро ба ҷанг ҷалб мекунанд.
Чанде пеш як зодаи Тоҷикистон, ки дар сафи артиши Русия алайҳи Украина меҷангида, дар гуфтугӯ бо Azda.tv аз он шикоят карда буд, ки бо вуҷуди ба охир расидани шартномааш бо Вазорати дифои Русия, ӯро аз ҷанг дар Украина рухсатӣ намедиҳанд.
Ин сарбози тоҷик гуфта буд, ки ӯ моҳи феврали соли 2024 бо Вазорати дифои Русия барои иштирок дар ҷанги зидди Украин ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар шартномаи як сола баста буд. Вале, пас аз он ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ шартномааш ба охир расид, ба ӯ иҷозат надодаанд, ки аз минтиқаи ҷангӣ берун барояд ва ҳатто иҷозати рухсатиро ба ӯ надодаанд.
Ин ҷавони тоҷик мегуфт, ки фиреби мақомоти Русияро хӯрдааст ва ба монанди ӯ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамроҳаш хеле зиёд аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон, иштироки шаҳрвандон дар ҷанги дигар кишварҳо ҷиноят ҳисобида мешавад. Созмонҳои ҳуқуқиву сиёсӣ борҳо аз зодагони Тоҷикистон хоста буданд, ки ба фиреби мақомоти рус дода нашванду худро ба куштан надиҳанд.