Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумшудагон Сано Бадари 18-сола, Лима Бадари 16-сола ва Марва Бадари 14-сола буда, онҳо рӯзи 1-уми август, тахминан соати 18:00 аз манзили зисташон дар кӯчаи Rudnickiego дар Варшава берун шуда, дигар барнагаштаанд.

Ва бори охир хоҳаронро тақрибан соати 20:50 дар истгоҳи трамвайи кӯчаи Broniewskiego дидаанд. Пеш аз он онҳо аз мағозаи “Auchan”, ки дар ҳамон минтақа ҷойгир аст, харид анҷом дода буданд.

Аз он вақт инҷониб онҳо ба хона барнагашта, бо наздиконашон низ тамос нагирифтаанд. Ба гуфтаи пулис, ҳангоми нопадид шудан духтарон телефон ва ҳуҷҷатҳои шахсӣ ҳамроҳ надоштаанд, ки ин ҷустуҷӯи онҳоро мушкилтар мекунад.

Тибқи маълумоти нашршуда, қадди Сано тақрибан 155 сантиметр, Лима — 145 сантиметр ва Марва — 160 сантиметр аст. Ҳар се духтар қомати лоғар дошта, мӯй ва чашмони сиёҳ доранд. Онҳо ҳангоми нопадид шудан шимҳои васеи ранги равшан, свитерҳои дорои сарпӯш бо рангҳои гуногун ва пойафзоли сафед доштаанд.

Пулиси Варшава аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи маҳалли будубоши духтарон маълумоте доранд ё пас аз нопадид шудани онҳоро дидаанд, даъват кардааст, ки ҳарчи зудтар ба шуъбаи пулиси “Warszawa V” ё тавассути рақами фаврии “112” хабар диҳанд. Ба таъкиди мақомот, ҳар гуна маълумот метавонад барои пайдо кардани онҳо кумак кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Музокироти Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишасти СММ: Оё сулҳе дар роҳа аст?

Амрико ва Эрон рӯзи 22-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокирот анҷом доданд.

Русия интиқоли дизелро ба Тоҷикистон афзоиш дод

Моҳи августи соли 2026 Русия ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст.

Дар Ашт нерӯгоҳи офтобӣ ифтитоҳ шуд. Лимити барқ аз байн меравад?

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 21-уми сентябри соли 2026 бо иштироки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт ба истифода дода шуд.

БРО ба Тоҷикистон $43 млн грант медиҳад: Ин маблағҳо куҷо сарф мешаванд?

Бонки Рушди Осиёӣ (БРО) тасдиқ кард, ки барои ислоҳоти бахши тандурустӣ ва тақвияти бехатарии тиббӣ ба Тоҷикистон 43,27 миллион доллар грант ҷудо мекунад.