Амрико ва Эрон рӯзи 22-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳаид дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокирот анҷом доданд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ин гуфтугӯҳоро “хеле хуб ва созанда” номида, гуфт, ки Вашингтон ва Теҳрон ба тавофуқ наздик шудаанд. Ин дар ҳолест, ки чанд соат пештар ӯ дар суханронии худ дар СММ аз эҳтимоли “нобудсозӣ”-и Ҷумҳурии исломӣ дар сурати ба даст наомадани созиш сухан гуфта буд.
Ба гуфтаи Трамп, фиристодаи вижаи ӯ дар умури Ховари Миёна Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, домоди президент ва яке аз иштирокдорони қаблии музокирот бо Теҳрон, бо ҳайати Эрон тақрибан се соат тамос доштанд.
Трамп баъдтар ба расонаҳо гуфт, ки гуфтугӯҳо “хеле хуб” ва “хеле созанда” буданд ва дар ояндаи наздик даври дигари музокирот баргузор хоҳад шуд. Вале ӯ ҷузъиёти муҳтавои гуфтугӯҳоро ошкор накард.
Аммо, Стив Виткофф мегӯяд, намояндагони ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо дар байни ду ҳайат рафтуомад карда, паёмҳоро интиқол медоданд. Ба гуфтаи ӯ, як даври музокироти “созанда ва умедбахш” анҷом шудааст ва кори миёнаравҳо идома хоҳад ёфт.
Расонаҳо гузориш медиҳанд, ки дар тарафи Эрон вазири корҳои хориҷӣ Аббос Ироқчӣ дар ин раванди дипломатӣ иштирок доштааст.
Баҳси тангаи Ҳурмуз дар маркази музокирот
Яке аз масъалаҳои калидии гуфтугӯҳо боз шудани тангаи Ҳурмуз ба ҳисоб меравад — масири муҳими интиқоли нафту газ, ки баста ё маҳдуд шудани ҳаракат дар он ба бозори ҷаҳонии энержӣ таъсири мустақим дорад.
Тибқи гузоришҳо, Теҳрон боз кардани тангаро ба коҳиши фишори низомии ИМА, бардоштани муҳосираи баҳрӣ ва озод кардани дороиҳои масдудшудаи Эрон рабт додааст. Хабаргузории “Reuters” бо такя ба як мақоми эронӣ дирӯз хабар дода буд, ки мақомоти ин кишвар мегӯянд, агар фишори низомӣ ва муҳосира коҳиш дода шавад, Эрон метавонад дар давоми ҳафт рӯз ҳаракатро дар танга барқарор кунад.
Бар асоси гузориши “Reuters”, пеш аз оғози ҷанг дар охири моҳи феврал аз тангаи Ҳурмуз ба ҳисоби миёна тақрибан 125 киштии бузурги тиҷоратӣ дар як рӯз мегузаштанд, дар ҳоле ки рӯзи 21-уми сентябр шумори киштиҳои боркаш ва тиҷоратии аз он гузашта ба ду адад расида буд.
Ҳамзамон рӯзи 23-юми сентябр нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ коҳиш ёфт, зеро хабарҳои марбут ба беҳтар шудани таъминот ва эҳтимоли пешрафт дар музокироти ИМА ва Эрон нигарониҳоро дар бораи қатъи тӯлонии интиқоли нафт коҳиш додаанд.
Таҳдид ва музокирот дар як рӯз
Музокироти Ню-Йорк чанд соат баъд аз суханронии сахти Трамп дар Маҷмаи умумии СММ баргузор шуд. Трамп дар суханронии худ гуфт, ки ИМА дар назди интихоби бузург қарор дорад: ё бо Эрон ба созиш бирасад, то ин кишвар тавонад барқарор шавад, ё ба гуфтаи ӯ, Ҷумҳурии исломиро “нобуд” кунад.
Президенти Амрико инчунин таъкид кард, ки Вашингтон ба Эрон иҷозаи дастрасӣ ба силоҳи ҳастаиро нахоҳад дод. Ӯ ҷанги идомадоштаи ИМА ва Исроил бо Эронро бо ҳадафи пешгирӣ аз дастрасии Теҳрон ба силоҳи ҳастаӣ асоснок кард.
Трамп ҳамзамон гуфт, ба бовари ӯ, баъд аз интихоботи миёндавраии ИМА дар моҳи ноябр имкони расидан ба созиш бо Эрон вуҷуд дорад. Вай таъкид кард, ки музокирот метавонад идома ёбад ва “созиш” дар ниҳоят ба даст хоҳад омад.
Оё Амрико ва Эрон ба созиши воқеӣ мерасанд?
Ҳанӯз маълум нест, ки тамосҳои Ню-Йорк то чӣ андоза метавонанд ба созиши воқеӣ табдил ёбанд.
Тарафҳо дар чанд масъалаи асосӣ ихтилоф доранд. Вашингтон бар пешгирии барномаи ҳастаии Эрон ва маҳдуд кардани имкониятҳои Теҳрон таъкид мекунад. Эрон бошад, ба коҳиши фишори низомӣ ва иқтисодӣ, боз шудани роҳҳои баҳрӣ ва бартараф шудани маҳдудиятҳои марбут ба иқтисоди худ таваҷҷуҳ дорад.
“Reuters” хабар медиҳад, ки мақоми баландпояи эронӣ гуфтааст, ҳайати Теҳрон барои пешбурди дипломатия ваколати кофӣ дорад ва музокироти Ню-Йорк метавонад барои баррасии созиши эҳтимолӣ имконият фароҳам кунад.
Дар ҳамин ҳол, Эрон ҳанӯз омодагии худро барои қабули шартҳои пешниҳодкардаи Вашингтон пурра эълон накардааст ва ҷузъиёти созиши эҳтимолӣ низ ошкор нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон аз охири моҳи феврали соли 2026 идома дорад ва масъалаи барномаи ҳастаии Эрон дар маркази ихтилофҳо қарор дорад. Баъди чанд моҳи даргирӣ, талошҳои дипломатӣ дар ҳошияи иҷлоси 81-уми Маҷмаи умумии СММ дубора фаъол шудаанд.
Дар ин замина, Ню-Йорк ба майдони нави музокироти дипломатӣ табдил ёфтааст. Қатар ва дигар кишварҳои минтақа низ дар талошҳои миёнаравӣ иштирок доранд. Қатар гуфтааст, барои коҳиши таниш, таъмини озодии ҳаракат дар тангаи Ҳурмуз ва барқарории суботи минтақавӣ талош мекунад.
