Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст. Наздиконаш мегӯянд, ҷасади ӯро ба хонавода супурданд, вале касе шарҳ надод, ки сарбози ҷавон чӣ гуна ва аз чӣ фавтидааст.

Наздикони Солеҳ Файзиев 4-уми сентябри соли ҷорӣ, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пайкари ӯ рӯзи 2-юми сентябр ба зодгоҳаш ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд оварда шудааст. 

Ба гуфтаи пайвандон, Солеҳ моҳи октябри соли гузашта бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ рафта буд ва дар қисми ҳарбии 0215-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Исфара адои хидмат мекард.

Тақрибан як моҳ пеш ӯро ҳамроҳи гурӯҳе аз сарбозони дигар барои ширкат дар раҳпаймоии бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда буданд.

Ҳоло маълум нест, ки Солеҳ дар куҷо ва дар чӣ шароит ҷон бохтааст.

Яке аз наздиконаш мегӯяд, ҷасади сарбозро намояндагони ҷамоат ва комиссариати ҳарбӣ ба хона овардаанд, аммо дар бораи сабаби марг чизе нагуфтаанд.

Ба гуфтаи пайвандон, вақте онҳо хостанд бидонанд, ки бо Солеҳ чӣ рух додааст, ба онҳо гуфтаанд, дар сурати доштани шикоят ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд.

То замони нашри ин хабар мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар бораи марги сарбози 19-сола изҳороти расмӣ нашр накардаанд.

Марги Солеҳ Файзиев дар ҳолест, ки дар як соли охир расонаҳо дар бораи марги ҳафт сарбоз хабару гузориш нашр карда бурданд.

Ба гуфтаи коршиносон, латукӯб ва бадрафториҳо дар қисмҳои низомии Тоҷикистон, ки ҳатто сарбозонро ба марг оварда мерасонад, инчунин беҷазо мондани ҷинояткорон дар қисмҳои низомӣ, сабаб шуда, ки ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ гурезон шудаанд.

Солҳои охир мақомот барои иҷро кардани нақшаи даъват, дар баробари сарбозшикор аз роҳҳои дигар низ истифода мебаранд, аз ҷумла барқро дар баъзе деҳаҳо пурра қатъ мекунанд ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб мекунанд ё ҳуҷҷати ронандагӣ бар ивази хидмат медиҳанд ва ё наздикони сарбозонро асир мегиранду латтукуб мекунанд.  

Ва чанд соли охир масъулони Вазорати мудофиаи кишвар ғайричашмдошт вуҷуди мушкилотро дар ин соҳа эътироф карда, аз зердастони худ хоста буданд, ки зимни даъвати ҷавонон ба артиш даст ба қонуншиканӣ назананд.

Аз ҷумла, рӯзи 10-уми августи соли ҷорӣ, вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат ба “таҳкими интизом ва қонуният, пешгирии қонуншиканиҳо ва беҳтар намудани шароити хизмат” таъкид карда буд. 

Ҳамчунин рӯзи 3-юми сентябр — як рӯз пас аз он ки ҷасади Солеҳ ба наздиконаш супурда шуд — Эмомалӣ Раҳмон низ зимни маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар аз роҳбарони ин сохторҳо талаб кард, ки “бо сарбозон чун фарзандони худ муносибат намоянд”.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки то дар системаи Вазорати дифоъ тағйироти куллӣ сурат нагирад, бо дастуру супоришҳо ин мушкилот бартараф нахоҳанд шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.