Бонки Рушди Осиёӣ (БРО) тасдиқ кард, ки барои ислоҳоти бахши тандурустӣ ва тақвияти бехатарии тиббӣ ба Тоҷикистон 43,27 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
Бино ба иттилои расмӣ, ин лоиҳа ба беҳтар кардани пешгирӣ, ташхис ва вокуниш ба сарзадани бемориҳо, хатарҳои иқлимӣ ва таҳдидҳои фаромарзӣ нигаронида шудааст.
Ин лоиҳа ба таъсиси як системаи ҳамгирошудаи тандурустӣ нигаронида шуда, ҳадаф дорад Тоҷикистонро барои пешгирӣ, ташхис ва вокуниши фаврӣ ба сарзадани бемориҳо, хатарҳои иқлимӣ ва таҳдидҳои фаромарзӣ омода созад.
Ко Сакамото, директори намояндагии Бонки Рушди Осиёӣ дар Тоҷикистон мегӯяд:
“Роҳи беҳтарини вокуниш ба буҳронҳои тандурустӣ — омодагии пешакӣ пеш аз фаро расидани онҳо мебошад. Ин лоиҳа ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки низоми ҳимояи худро дар баробари бемориҳои вагир тақвият бахшида, ба аҳолии ниёзманд хидматрасонии баландсифати тиббиро пешниҳод кунад”.
Мувофиқи тарҳ ва ҳадафҳои лоиҳа, маблағҳои ҷудошуда ба чанд самт равона мешаванд, аз ҷумла ҷорӣ кардани ҳуши маснуӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ барои пайгирии саривақтии бемориҳо ва вокуниши фаврӣ онҳо;
муҷаҳҳаз гардонидани дидбонгоҳҳои марзӣ ва нуқтаҳои гузариш бо таҷҳизоти нави ташхисӣ;
таъсиси 5 маркази махсус дар саросари кишвар барои хидматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ ба занони аз зӯроварии хонаводагӣ ва ҷинсӣ зарардида;
Бино ба иттилои манбаъ, маблағи умумии 43,27 миллион доллар аз ҳисоби чанд ниҳоди молиявӣ пардохт мешавад: Фонди рушди Осиё – 28 миллион доллар (грант), Фонди пешгирии пандемияҳо – 10.27 миллион доллар, Фонди Ҷопон – 3 миллион доллар, Фонди иқлими сабз – 2 миллион доллар.
Гуфта мешавад, Бонки Рушди Осиёӣ яке аз бузургтарин сармоягузорони ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 1998 инҷониб ба бахшҳои гуногуни кишвар миллиардҳо доллар кумаку вом ҷудо кардааст.
