Литва қабули дархости нави муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро боздошт

Давлати Литва қабули дархостҳои нави муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро боздошта, ҳамзамон фаъолияти марказҳои хидматрасонии муҳоҷиратии худро дар се кишвари минтақа қатъ мекунад.

Роҳбари Департаменти муҳоҷирати Литва Индре Гаспере рӯзи 22-уми сентябр гуфта, ки бинобар афзоиши зиёди дархостҳои вобаста ба ҷалби коргарон аз Осиёи Марказӣ, қабули чунин дархостҳо дар марказҳои хидматрасонии берунии Литва дар кишварҳои минтақа муваққатан боздошта шудааст.

Ба гуфтаи Гаспере, дар солҳои охир шумори шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки барои кор ба Литва меоянд, афзоиш ёфтааст. Мақомоти Литва мегӯянд, барои ба танзим даровардани теъдоди дархостҳо ва идора кардани интизориҳои корфармоён ва муҳоҷирони эҳтимолӣ қабули дархостҳои нави марбут ба кор қатъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 23-уми сентябр вазири корҳои дохилии Литва Мартиняс Катялюнас эълон кард, ки марказҳои хидматрасонии берунии ин кишвар дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, инчунин Босния ва Ҳерсеговина баста мешаванд.

Ба гуфтаи вазир, ин марказҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ ва мақомоти Литва ҳамчун миёнарав фаъолият карда, дархостҳои иҷозаи иқомат ва оғози расмиёти муҳоҷиратиро қабул мекарданд. Ӯ сабаби тасмими навро ба арзёбии хатарҳои амниятӣ ва таҳдидҳои эҳтимолии терроризм рабт додааст.

Мақомоти Литва мегӯянд, баъди бастани ин марказҳо кушодани марказҳои нави чунин хидматрасонӣ дар кишварҳои дигар дар назар нест.

Аммо маркази хидматрасонии берунии Литва дар Тоҷикистон аз 22-юми октябри соли 2025 баста шуда, дигар фаъол нест. Департаменти муҳоҷирати Литва он вақт Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳое хориҷ кард, ки шаҳрвандони онҳо метавонистанд тавассути чунин марказҳо барои иҷозаи иқомати муваққатӣ ё раводид муроҷиат кунанд.

Тибқи маълумоти Департаменти муҳоҷирати Литва, то 1-уми сентябри соли 2026 дар ин кишвар тақрибан 227 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ иҷозаи иқомати амалкунанда доштанд.

Дар байни онҳо тақрибан 80 ҳазор шаҳрванди Украина, қариб 48 ҳазор шаҳрванди Беларус, 13 ҳазор шаҳрванди Русия, тақрибан 13 ҳазор шаҳрванди Узбекистон, 9,4 ҳазор шаҳрванди Ҳиндустон ва 7,4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон буданд.

Департаменти муҳоҷирати Литва рӯзи 7-уми сентябр хабар дода буд, ки квотаи ҷалби қувваи корӣ барои соли ҷорӣ 24 706 нафар муайяншуда буд, ки аллакай он пур шудааст.

Пас аз пур шудани квота, иҷозаи иқомати муваққатӣ барои кор танҳо дар сурати иҷро шудани шартҳои иловагӣ дода мешавад. Аз ҷумла, маоши корманди хориҷӣ бояд ҳадди ақал 2 893,68 евро дар моҳ бошад. Барои баъзе касбҳои дорои норасоии кадр, ҳадди маош 2 411,40 евро муайян шудааст.

Департаменти муҳоҷирати Литва инчунин аз 15-уми сентябр тартиби қабули “дархостҳои ғайриафзалиятнок”-ро маҳдуд кардааст. Дар ин гурӯҳ, аз ҷумла, дархостҳо барои кор, кори мавсимӣ, таҷрибаомӯзӣ ва баъзе шаклҳои дигари фаъолияти корӣ дохил мешаванд.

Бо вуҷуди ин, дархостҳо барои таҳсил, пайвастани оила, сармоягузорӣ, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва баъзе категорияҳои дигар дар гурӯҳи афзалиятнок боқӣ мемонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия қоидаҳои ҷалби муҳоҷирони кориро сахттар мекунад

Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кардааст, ки аз соли 2027 дар баъзе соҳаҳо шумори коргарони хориҷӣ дар 10 минтақаи кишвар коҳиш дода шавад.

Музокироти Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишасти СММ: Оё сулҳе дар роҳа аст?

Амрико ва Эрон рӯзи 22-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокирот анҷом доданд.

Русия интиқоли дизелро ба Тоҷикистон афзоиш дод

Моҳи августи соли 2026 Русия ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст.

Дар Ашт нерӯгоҳи офтобӣ ифтитоҳ шуд. Лимити барқ аз байн меравад?

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 21-уми сентябри соли 2026 бо иштироки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт ба истифода дода шуд.