Лағви парвози Теҳрон–Душанбе дар пайи таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон

Парвози ширкати ҳавопаймоии “Вареш” аз Теҳрон ба Душанбе рӯзи 24-уми сентябр пас аз он ки идомаи масир имконпазир нашуд, лағв гардид ва ҳавопаймо ба Фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ баргашт.

Бар асоси маълумоти нашршуда, пас аз маҳдуд шудани масири аслӣ, ҳайати парвоз талош кардааст тавассути ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тоҷикистон роҳро идома диҳад, аммо ин масир низ пазируфта нашудааст. Дар натиҷа ҳавопаймо ба Теҳрон бозгаштааст.

Ин ҳодиса як рӯз пас аз иҷрои бастаи нави таҳримҳои Амрико алайҳи соҳаи ҳавонавардии Эрон рух медиҳад. Вазорати хазинадории ИМА дар чаҳорчӯби тарҳе бо номи “Амалиёти берунсозии иқтисодӣ” 27 ширкати ҳавопаймоии эронӣ, аз ҷумла “Вареш”-ро таҳрим кардааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, пешниҳоди хидматҳое чун сӯзишворӣ, хидматрасонии фурудгоҳӣ, фурӯши чипта ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои таҳримшуда метавонад ҷонибҳои хориҷиро ба таҳримҳои дуюмдараҷа гирифтор карда, дастрасии онҳоро ба низоми молии долларӣ маҳдуд созад.

Озарбойҷон низ қаблан гуфта буд, ки дар пайи ин маҳдудиятҳо парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Эрон ба қаламрави худро бозмедорад. Ҳамзамон, дар баъзе масирҳои дигар, аз ҷумла Бағдод ва Масқат, низ маҳдудиятҳо ба вуҷуд омада, фаъолияти бахше аз шабакаи байналмилалии ҳавоии Эрон таъсир пазируфтааст.

Скотт Бессент, вазири хазинадории ИМА гуфтааст, ки татбиқи ин чораҳо боиси боздошта шудани бахши қобили таваҷҷуҳи парвозҳои хориҷии Эрон шудааст. Мақомоти Эрон дар посух таъкид кардаанд, ки иртиботи ҳавоӣ бо баъзе самтҳо, аз ҷумла Туркия, Чин ва Наҷаф, идома дорад ва барои пайдо кардани роҳҳои дигар талош мешавад.

То ҳол мақомоти расмӣ сабаби дақиқи пазируфта нашудани масири пешниҳодшуда тавассути Озарбойҷонро шарҳ надодаанд. Мусофирони ин парвоз пас аз бозгашт ба фурудгоҳ дар пайи муайян кардани вазъ ва пайдо кардани роҳҳои дигари сафар ҳастанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аҳолӣ ба иншоот ниёз дорад ё ба ҷои кори доимӣ?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми сентябр зимни сафараш ба вилояти Суғд аз бунёди ҳазорҳо иншоот ёдовар шуд.

Литва қабули дархости нави муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро боздошт

Давлати Литва қабули дархостҳои нави муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт.

Русия қоидаҳои ҷалби муҳоҷирони кориро сахттар мекунад

Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кардааст, ки аз соли 2027 дар баъзе соҳаҳо шумори коргарони хориҷӣ дар 10 минтақаи кишвар коҳиш дода шавад.

Музокироти Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишасти СММ: Оё сулҳе дар роҳа аст?

Амрико ва Эрон рӯзи 22-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокирот анҷом доданд.