Галустян бо вуҷуди мавҷи интиқодҳо ба Тоҷикистон омад

Бо вуҷуди эътирози фаъолон ва сокинон мақомоти кишвар ҳаҷвнигори руси арманитабор Михаил Галустянро, ки солҳо миллати тоҷикро таҳқир мекард, ба Душанбе даъват карданд.

Қарор аст ӯ имрӯз, 30-уми сентябр дар барномаи фарҳангии ширкати сохтмонии TAS International Group, ки бузургтарин биноро дар Душанбе месозад, иштирок кунад. Даъвати ӯ як рӯз пеш боиси баҳсҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда буд.

Сабаби асосии интиқодҳо нақши Галустян дар барномаи ҳаҷвии русии “Наша Russia” мебошад, ки ӯ дар ин барнома нақши Равшан, муҳоҷири кории тоҷикро бозӣ мекард. Дар барнома Равшан ва қаҳрамони дигар — Ҷамшут — ҳамчун муҳоҷирони кории бесавод, каммаълумот ва нодон тасвир мешуданд, ки бо забони канда ва таҳрифшудаи русӣ ҳарф мезаданд ва аз уҳдаи ҳеч коре ба хубӣ намебароянд.

Пештар низ фаъолон ва намояндагони ҷомеаи тоҷик ин образҳоро таҳқиромез барои тоҷикон ва муҳоҷирони корӣ арзёбӣ карда буданд ва акнун даъвати Галустян ба Душанбе дубора баҳсро дар бораи муносиб будани чунин меҳмонӣ ба миён овардааст.

Намояндагони ширкати “TAS International Group” то ҳол сабаби даъвати ӯро шарҳ надодаанд ва Радиои Озодӣ низ хабар дода буд, ки намояндагони TAS ба саволҳои ин расона посух надодаанд.

Бо вуҷуди мавҷи интиқодҳо, Галустян дар Душанбе бошукӯҳ пешвоз гирифта шуд. Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, ӯро духтарони тоҷик дар либосҳои миллӣ ва бо нони суннатӣ пешвоз мегиранд. Ин истиқболи расмӣ ва меҳмоннавозона дар ҳолест, ки ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёде дар бораи ҳузури ӯ дар Тоҷикистон идома доранд.

Вокунишҳо ба омадани Галустян гуногун буда, бархе корбарон хостори бекор кардани даъвати ӯ шуданд. Гурӯҳи дигар бар ин назар буданд, ки сафари Галустян ба Тоҷикистон метавонад барои ӯ имконияте бошад, то Тоҷикистонро аз наздик бубинад ва тасаввурашро дар бораи кишвар ва мардуми он бознигарӣ кунад.

Аммо шоир ва рӯзноманигори тоҷик Орзу Исоев ба ин назар шубҳа карда, мегӯяд: “Мутмаинам, бо омадану дидани ӯ андешаи соири русҳо, ки дар кишварашон мардуми Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷиконро таҳқиру таҳдиду тазйиқ мекунанд, дигар намешавад, зеро сохтор чунин бунёд шудааст“.

Шоири тоҷик Исфандиёр Назар аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хоста буд, ки сафари Галустян ба Душанбе бекор карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, шахсе, ки “миллати моро таҳқир кардааст”, набояд ба Тоҷикистон ҳамчун меҳмон биёяд.

Коршиноси тоҷик Алӣ Ализод дар саҳифаи худ дар Фейсбук ба даъвати Галустян вокуниши шадид нишон дода, навиштааст, ки “Воқеан, даъвати Галустян ба Тоҷикистон як даҳшат аст. Чӣ тавр шахсеро, ки солҳои тӯлонӣ моро дидаву дониста дар назди омма масхара мекард ва ба рӯйи мо туф мекард, бояд истиқбол гирифт? Ақли ман инро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул намекунад”.

Ализод дар идомаи навиштааш ба нақши Равшан ишора карда, навиштааст, ки Галустян солҳои зиёд нақши як тоҷикро дар “Наша Russia” иҷро мекард, ки дар ин барнома ҳамчун шахси “туп, бесавод ва таҳқиршуда” тасвир мешуд ва ин ҳама ҳамчун ҳаҷв пешниҳод мегардид.

Ба гуфтаи ӯ, Галустян медонист, ки чӣ гуна образ эҷод мекунад ва медонист, ки чунин тасвири тоҷикон боиси норозигӣ мешавад, аммо ба гуфтаи Ализод, аз иҷрои ин нақш даст накашид.

“Аз ин рӯ, имрӯз як саволи одӣ ба миён меояд: чаро шахсе, ки солҳои зиёд аз таҳқири тоҷикон маъруфият ва даромад ба даст овардааст, бояд ба Тоҷикистон ҳамчун меҳмони фахрӣ биёяд?” — навиштааст ӯ.

Ализод ҳамчунин хостори изҳори ошкори мавқеъ дар бораи ин даъват шуда, таъкид кардааст, ки хомӯшӣ набояд ҳамчун розигӣ қабул шавад.

Рӯзноманигор Темур Варқӣ низ ба даъвати Галустян вокуниш нишон дода, суол кардааст, ки “Ба ман ҷолиб аст, ки дар роҳбарияти Тоҷикистон маҳз кӣ худро Ҷамшуде эътироф кард, ки Галустян онро бозӣ мекард? Вазири фарҳанг, вазири корҳои хориҷӣ ё худ “Уважаемый Великий Вождь” — унвони кӯтоҳшудаи расмии Эмомалӣ Раҳмон?“.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як нафар аз корбарон низ навиштааст, ки баъд аз огоҳ шудан аз даъвати Галустян ба Душанбе аз ин масъала ба ҳайрат омадааст. Ба гуфтаи ӯ, Галустян солҳо образеро бозӣ кардааст, ки дар он тоҷикон ҳамчун шахсони мавриди масхара ва таҳқир нишон дода мешуданд.

Ин корбар навиштааст, ки “Одаме, ки касби худро бар масхара, таҳқир ва паст задани тоҷикон бунёд кардааст, имрӯз ба Душанбе ҳамчун меҳмони фахрӣ даъват шудааст“.

Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки қаблан гумон мекард Галустян ба Тоҷикистон иҷозаи вуруд надорад ва солҳои зиёд мақоми “persona non grata” дорад, аммо баъд фаҳмидааст, ки чунин нест.

Каримҷон Ёров, ҳомии муҳоҷирони тоҷик низ аз даъвати Галустян ба Тоҷикистон интиқод карда, дар навиштаи худ ба он ишора кардааст, ки дар барномаи «Наша Russia» образи таҳқиромези тоҷикон ва муҳоҷирони корӣ офарида шуда буд.

“Галустян ва даъватгаронаш ки будани моро исбот карданд, ки дар ҳақиқат шармовар аст“, — навиштааст Ёров.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки дар баробари ин масъала бисёре аз онҳое, ки қаблан аз ҳимояи миллат ва муқобила бо таҳқирҳо сухан мегуфтанд, хомӯш мондаанд ва таъкид кардааст, ки “Хомӯшӣ ҳамон нишонаи розигӣ будааст“.

Ёров ҳамчунин аз таваҷҷуҳи зиёди мардум ба блогерон интиқод карда, гуфтааст, ки дар чунин масъалаҳо бояд масъулияти мақомоти дахлдор низ баррасӣ шавад.

Ӯ дар идомаи навиштааш ба фаъолияти ахири TAS International Group, аз ҷумла ба баргузории бозии медиавии футбол ва шарикии панҷсолаи ширкат бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ишора кардааст.

Ёров ҳамчунин фарзияеро баён кардааст, ки дар паси ин лоиҳаҳо метавонанд соҳибкорони наздик ба ҳукумат қарор дошта бошанд ва дар поёни навиштааш ӯ аз таҷрибаи шахсии худ дар Русия ёд карда, гуфтааст, ки борҳо ба таҳқир рӯбарӯ шудааст.

“Лекин ба он фикр расидам ки мо ҳоло барои миллат шудан фарсахҳо дур будаем, танҳо шояд як қавме бошем, шояд хато кунам, лекин ин фикри шахсии ман аст“, — навиштааст ӯ.

Ҳамчунин дар ин маврид рӯзноманигори тоҷик Зулфи Назарова дар як навиштаи худ гуфтааст, ки аз пайдо шудани лоиҳаҳои бузург ва муосир дар Тоҷикистон, омадани чеҳраҳои маъруфи байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба кишвар истиқбол мекунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар мавриди Галустян саволҳои ҷиддӣ ба миён омадаанд.

Назарова ба образҳои Равшан ва Ҷамшут дар “Наша Russia” ишора карда, навиштааст, ки миллионҳо нафар ин қаҳрамонҳоро ҳамчун тасвири қолабии муҳоҷири кории Осиёи Марказӣ ба ёд доранд: шахсе, ки забонашро дуруст намедонад, бесавод аст, кори вазнин мекунад ва ҳамеша дар назди “начальник” дар ҳолати таҳқир қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, барои бисёре аз тоҷикон ин тасвирҳо дар замоне пайдо шуданд, ки миллионҳо мардони тоҷик воқеан барои таъмини оилаҳои худ ба Русия мерафтанд, дар сохтмонҳо кор мекарданд ва аз фарзандону ҳамсарони худ дур зиндагӣ мекарданд.

Назарова таъкид кардааст, ки масъала манъи ҳаҷв нест, балки эҳтиром ба одамоне мебошад, ки чунин образҳо ба зиндагии воқеии онҳо иртибот доштанд.

Ӯ таъкид кардааст, ки “Мо мардуми меҳмоннавоз ҳастем. Аммо меҳмоннавозӣ маънои аз хотир бурдани гузаштаро надорад“.

Назарова ҳамчунин навиштааст, ки ба Тоҷикистон омадани ҳар меҳмоне, ки бо эҳтиром меояд, бояд истиқбол шавад, аммо эҳтиром бояд дуҷониба бошад.

Корбар Искандари Абдуқуддус бошад таваҷҷуҳро ба ширкати TAS International Group равона карда, навиштааст, ин ширкати сохтмониву девелоперӣ буда, барои татбиқи як лоиҳаи бузурги шаҳрсозӣ дар пойтахти Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Ӯ навиштааст, ки ширкат аз ҷониби девелопери петербургии “Алгоритм жизни” таъсис дода шуда, дар байни соҳибони ин ширкат собиқ футболбозони рус Виктор Файзулин ва Олег Самсонов, инчунин шарики онҳо Кирилл Рудаков ҳастанд ва директори ширкат Обидҷон Обидзода мебошад.

Искандари Абдуқуддус ҳамчунин ба лоиҳаи асосии ширкат — Dushanbe International District — ишора карда, менависад, ки ширкат барои татбиқи ин лоиҳа дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе қитъаи 29-гектариро ба иҷораи сармоягузорӣ гирифтааст. Лоиҳа сохтмони як маҷмааи бузурги бисёрфунксионалӣ, аз ҷумла Dushanbe Tower — бинои 77-ошёна бо баландии 360 метр, 42 бинои истиқоматӣ бо беш аз 6 ҳазор манзил, меҳмонхонаи Marriott, маркази бузурги савдову фароғатӣ, толори консертӣ, мактаб ва кӯдакистонро дар бар мегирад ва арзиши умумии лоиҳа тақрибан 1,5 миллиард доллар арзёбӣ шудааст.

TAS International Group дар моҳи сентябр инчунин ба шарики генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон табдил ёфт. Созишномаи ҳамкорӣ барои панҷ сол пешбинӣ шудааст. Ширкат инчунин аз бозии намоишии дастаҳои медиавии Тоҷикистон ва Русия пуштибонӣ карда буд.

Маҳз ҳамин робитаро бархе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баррасӣ мекунанд ва мепурсанд, ки чаро ширкати мазкур, ки ахиран дар ҳаёти варзишӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон фаъолтар шудааст, Галустянро ба Душанбе даъват кардааст.

Искандари Абдуқуддус ҳамчунин ба блогерони тоҷик ишора карда навиштааст, ки “Дар бораи миллати тоҷик, ки он сӯи дарёи Омӯ зиндагӣ мекунанд, филми таҳқиркунанда сохтед, миллатро паст задед. Он тарафи дарё тоҷикон зиндагӣ мекунанд, на миллати дигар. Имрӯз, ки як нафар таҳқиркунандаи миллати тоҷикро даъват кардаанд, чаро хомӯшед?”.

Ҳамин тавр, омадани Михаил Галустян ба Душанбе на танҳо як қисми барномаи фарҳангии ширкати сохтмонӣ, балки ба мавзуи баҳси васеътар дар бораи тасвири тоҷикон дар фарҳанги оммавии Русия, муҳоҷирати корӣ ва муносибат ба шаъну шарафи миллӣ табдил шуд. Вале то ҳол худи Михаил Галустян дар бораи интиқодҳои вобаста ба нақши Равшан ва баҳсҳои атрофи даъвати ӯ ба Душанбе изҳори назар накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши фишорҳо болои хонаводаи раиси нави НИТ

Мақомоти амниятии Тоҷикистон фишорро болои хонаводаи Исломҷон Саидов, раиси тозаинтихоби Наҳзати исломии Тоҷикистон бештар кардаанд.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ОМ пасттарин иқтисодро дорад

Тоҷикистон дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ яке аз хурдтарин иқтисодҳоро дорад.

Тарс аз таҳримҳо: Бонки “Ҳумо” суратҳисоби русҳоро мебандад

Бонки "Ҳумо"-и Тоҷикистон ба мизоҷони хориҷии худ, бахусус шаҳрвандони Русия паём фиристода, онҳоро аз маҳдуд ё баста шудани кортҳои бонкиашон аз 1-уми октябр огоҳ кардааст.

Барқи офтобӣ барои 64 ҳазор аҳолии Бадахшон: “лимит” аз байн меравад?

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обӣ, зеристгоҳ ва хатти нави интиқоли барқ ифтитоҳ шуд.