“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян, ҳунарманди армиянтабори Русия ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонашро “неандертал” хонд.

Табрез Шаҳидӣ писари оҳангсози тоҷик Толиб Шаҳидӣ ва нависанда Гулсифат Шаҳидӣ буда, продюсери Галустян мебошад. Ӯ дар канали телеграмии худ андешаҳояшро баён кардааст.

Шаҳидӣ дар навиштааш аз Галустян ҳимоят карда, бархе аз мунтақидони сафари ӯро танқид кардааст. Ӯ иддао кардааст, ки қисми зиёди вокунишҳо аз ҷониби ботҳо паҳн шудаанд ва қисме аз корбарон бо назари нодуруст ба нақшҳои ҳаҷвии Галустян муносибат кардаанд. Ҳамчунин ӯ як намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистонро, ки дар бораи ин масъала изҳори назар карда буд, “умник” гуфтааст. Ӯ инчунин мухолифони сафари Галустиянро “неандертал” ва “бесавод” монанди образҳои ҳаҷвии Равшан ва Ҷамшуд номидааст.

Изҳороти Табрез Шаҳидӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Бархе аз корбарон ӯро барои истифодаи ибораҳои таҳқиромез нисбат ба мунтақидон интиқод карданд ва гуфтанд, ки баҳсҳои фарҳангӣ бояд бо эҳтиром ва далел сурат гиранд.

Ёдовар мешавем, ки Михаил Галустян, ҳунарманди армиянтабори Русия, пештар дар барномаи ҳаҷвии “Наша Russia” нақши Равшан, муҳоҷири кории тоҷикро иҷро мекард. Дар ин барнома Равшан ва қаҳрамони дигар — Ҷамшут ҳамчун муҳоҷирони кории каммаълумот ва содда тасвир мешуданд. Ин образҳо дар гузашта миёни бархе аз ҷомеаҳои тоҷикзабон баҳс ва норозигӣ ба вуҷуд оварда буданд.

Сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон бо даъвати як ширкати сохтмонӣ барои таблиғи фаъолияти он сурат гирифтааст. Даъвати ин ҳунарманд, бо дарназардошти нақшҳои пешинаи ӯ, боиси баҳсҳои гуногун дар ҷомеа шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия НАТО-ро ба ҳамлаи ҳастаӣ таҳдиди кард

Маскав мегӯяд, дар сурати муҳосира шудани Калининград ба марказҳои қабули қарор дар кишварҳои узви паймони НАТО ҳамлаи ҳастаӣ хоҳад кард.

Иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон дар баъзе минтақаҳо

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст.

Раҳмону Ҳуснулин дар Душанбе масоили иқтисодиро баррасӣ карданд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Марат Хуснуллин муовини раиси ҳукумати Русия масоили ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд.

Ҷанҷоли халабонҳо ҳангоми парвоз ва нишасти изтирорӣ дар Табук

Ҳавопаймои ширкати "Flydubai", ки аз Дубай ба самти Тел-Авив парвоз мекард, рӯзи 30-уми сентябр ҳангоми парвоз дар шаҳри Табуки Арабистони Саудӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод.