СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

Дар ин бора Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) дар гузориши наваш ваобаста ба арзёбии вазъи экологӣ дар Тоҷикистон, ки 30-юми сентябр нашр шуд, хабар медиҳад.

Тибқи гузориш, танҳо обхезиҳо ҳар сол ба иқтисоди Тоҷикистон тақрибан 122 миллион доллар зарар мерасонанд, ки ба тақрибан 1,4 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. UNECE Тоҷикистонро дар баробари обхезиҳо, ба хушксолӣ ва селу ярч низ осебпазир арзёбӣ мекунад.

Муаллифони гузориш мегӯянд, тағйирёбии иқлим, болоравии ҳарорат ва тағйирёбии шакли боришот метавонанд хатари обхезӣ ва хушксолиро бештар кунанд. Обшавии пиряхҳо низ ба низоми обии кишвар таъсир мерасонад.

Ҳамчунин дар гузориш таъкид мешавад, ки Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пирях дорад, ки дар таъмини об, кишоварзӣ ва тавлиди нерӯи барқ нақши муҳим доранд.

UNECE ба Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки низоми огоҳсозии саривақтӣ, беҳтар кардани ҳифз аз обхезӣ, селу хушксолӣ ва афзоиши сармоягузорӣ ба инфрасохтори обу корезро тақвият диҳад.

Ҳамзамон, гузориш нишон медиҳад, ки соли 2023 танҳо тақрибан 41 дарсади аҳолии Тоҷикистон тавассути ташкилотҳои обтаъминкунӣ ва корезӣ ба оби қубурӣ дастрасӣ доштанд.

Масъалаи дастрасии 41 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби қубурӣ дар ҳолест, ки моҳи июли соли 2022 Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” гуфта буд, ки 67,1 дарсади аҳолии кишвар бо об таъмин таъмин ҳастанд ва то соли 2030 тамоми аҳолӣ ба таври 100% бо оби нӯшокӣ тариқи қубурӣ таъмин мешаванд.

Вале худи Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар Конфронси чоруми байналмилалии масъалаҳои об, ки аз 25 то 28-уми майи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуд, омори КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-ро инкор карда, гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад то соли 2040 сатҳи дастрасии аҳолиро ба шабакаи оби ошомиданӣ то 90 дарсад афзоиш диҳад.

Ҳоло маълум нест, ин мушкилоти обхезиҳо ва норасоии оби ошомиданӣ ба аҳолӣ ба сабаби ноуҳдабароии масъулон дар ҳукумати кишвар аст ё мушкилоти табиӣ ва тағйирёбии иқлим.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.

Русия НАТО-ро ба ҳамлаи ҳастаӣ таҳдиди кард

Маскав мегӯяд, дар сурати муҳосира шудани Калининград ба марказҳои қабули қарор дар кишварҳои узви паймони НАТО ҳамлаи ҳастаӣ хоҳад кард.

Иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон дар баъзе минтақаҳо

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст.