Вазорати корҳои дохилии Русия дар пасманзари сахттар шудани сиёсати муҳоҷират ва норасоии коргар пешниҳод кардааст, ки як қисми шаҳрвандони хориҷӣ аз супоридани имтиҳони забони русӣ, таърихи Русия ва қонунгузории ин кишвар озод карда шаванд.
Тавре расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, лоиҳаи қонун озод кардани шаҳрвандони хориҷиеро аз ин имтиҳонҳо пешбинӣ кардааст, ки дар ширкатҳои воқеъ дар минтақаҳои дорои рушди босуръат фаъолият хоҳанд кард. Аз ҷумла, сухан дар бораи корхонаҳое меравад, ки дар Шарқи Дур ва Арктика ҷойгиранд. Тибқи иттилои “Коммерсантъ”, дар Русия беш аз 90 чунин минтақа фаъолият мекунанд, ки корхонаҳои онҳо низ бо норасоии кормандон рӯ ба рӯ ҳастанд.
Ин пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки талабот ба имтиҳонҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ сахттар шуда, аз 10-уми июли соли 2025 дар имтиҳони забони русӣ барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент талаботи ҳатмии ба даст овардани холҳои гузариш аз қисми шунидани матнҳо ҷорӣ гардида, шумораи саволу супоришҳо низ зиёд карда шуда буд. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Русия, дар моҳҳои октябр–декабри соли 2025 беш аз 201,5 ҳазор нафар имтиҳон супоридаанд ва 35,5 дарсади довталабон аз кӯшиши аввал онро нагузаштаанд.
Ҳамчунин сиёсати муҳоҷирати Русия сахттар шуда, солҳои охир мақомоти ин кишвар назоратро аз болои шаҳрвандони хориҷӣ тақвият додаанду рейдҳо мегузаронанд ва муҳоҷиронро, бахусус зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро гурӯҳӣ ихроҷ карда истодаанд. Ҳамчунин дар баъзе минтақаҳо ва соҳаҳо барои фаъолияти кории муҳоҷирон маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.
Дар баробари ин, Русия барои ҷалби нерӯи корӣ аз кишварҳои дигар талош дорад. Ба ҷуз аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки солҳои зиёд манбаи асосии муҳоҷирони корӣ барои Русия буданд, мақомот бештар ба ҷалби шаҳрвандони Ҳиндустон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ рӯ овардааст. Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, то моҳи июни соли 2026 дар Русия беш аз 70 ҳазор шаҳрванди Ҳиндустон кор мекарданд.
