Раҳмон барои иштирок дар ҳамоише ба Озарбойҷон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар кард. Ҳадафи сафар иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё гуфта мешавад.

Ин ҳамоиш дар пасманзари талошҳои кишварҳои минтақа барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тақвияти амният баргузор мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарони ҳарду палатаи парлумон, сарвазир, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел кардаанд.

Дар ҳайати ҳамроҳи президент вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амният ва дигар шахсони расмӣ қарор доранд. Дар иттилои нашршуда ҷузъиёти барномаи мулоқотҳои дуҷониба ё масъалаҳои мушаххасе, ки Тоҷикистон дар ҳамоиш матраҳ мекунад, оварда нашудааст.

Интизор меравад, ки ҳамоиш масъалаҳои амният ва эътимод байни давлатҳои Осиё, ҳамкориҳои минтақавӣ ва нақши ин созмонро дар ҳалли мушкилоти муштарак фаро гирад. Тибқи иттилои расонаҳои Озарбойҷон, баргузории ҳамоиш барои 15-уми октябр дар назар аст.

Аз ин сафар Тоҷикистон чӣ ба даст меорад, дар натҷиаи имзои созишномаҳои ҳамкориҳои дуҷониба маълум хоҳад шуд. Аммо сафар ба Боку дар ҳоле сурат мегирад, ки 8-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар дошт ва дар мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок карда буд. Дар изҳороти муштараки он мулоқот ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, долонҳои нақлиётӣ ва ҳамкориҳои энергетикӣ таъкид шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Як ронандаи таксии шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон ба куштор гумонбар аст

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи маргбор дар гузаргоҳи пиёдагардон дар Варшава гумонбар дониста мешавад, пас аз марги ҷабрдида Лаҳистонро тарк кардааст.

Сафари аввалини Рубио ба Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон аз ин сафар чӣ интизор дорад?

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Михаил Галустян узр пурсид, аммо узрхоҳии ӯ саволҳои навро ба миён овардааст

Ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустян пас аз мавҷи интиқодҳо дар пайи сафараш ба Душанбе ба хотири нақшҳои қаблияш аз мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсид.

Русия имтиҳони забонро барои қисме аз муҳоҷирон бекор кард

ВКД Русия дар пасманзари норасоии коргарон пешниҳод кардааст, ки қисме аз шаҳрвандони хориҷӣ аз супоридани имтиҳони забони русӣ, таърихи Русия ва қонунгузории ин кишвар озод карда шаванд.