Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, ки бо номи Муҳаммад Султон маъруф аст, дар шабакаи иҷтимоии “Facebook” аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод. 

Ба гуфтаи Муҳаммад Султон, моҳи июли соли 2026 ӯро аз зиндон озод кардаанд, аммо бо вуҷуди ин таъқибе, ки беш аз 20 сол боз идома дорад, қатъ нашудааст.

Рӯзноманигори собиқ дар навиштаи худ овардааст, ки кормандони сохторҳои қудратӣ ӯро пайгирӣ мекунанд, ҳаракатҳояшро зери назорат гирифтаанд ва гуфтугӯҳои телефонии ӯву наздиконашро гӯш мекунанд. Ӯ ҳамчунин аз садову ғавғо дар атрофи манзилаш шикоят кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, барои хобу истироҳат ва зиндагии муқаррарии рӯзмаррааш халал мерасонад.

“Ҳамаи ин нағмаҳо танҳо барои як мақсад — асабонӣ кардан, аз реҷаи муайяни зиндагии ҳаррӯза берун кашидан, ба бехобӣ ва дигар бемориҳои вазнин гирифтор кардан ва дар маҷмуъ, оқибат аз байн бурдани ман равона шудаанд”, — навиштааст Муҳаммад Султон.

Ӯ ҳамчунин изҳор доштааст, ки бар асари амалҳои роҳбарони баландпояи сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аз як чашмаш маҳрум шудааст. Султон дар ин робита аз генерали А. Бузмаков ёдовар шуда, навиштааст, ки ӯ ҳоло бо насаби Аламшозода шинохта мешавад ва аз ин қазия огоҳии комил дорад.

Муҳаммад Султон дар навиштаи худ ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва роҳбарияти Додситонии кулли кишвар муроҷиат карда, пурсидааст, ки таъқиби ӯ дар тӯли беш аз ду даҳсола бар асоси кадом қонун идома дорад.

Ӯ дар поёни муроҷиаташ гуфтааст, ки барои дарёфти ҳимоят ва наҷоти худу наздиконаш ба сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ муроҷиат хоҳад кард.

Муҳаммад Султон кист?

Мамадсултон Мавлоназарови 75-сола рӯзноманигори собиқ ва полковники мустаъфии мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ солҳои 1970 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” фаъолият карда, баъдан тақрибан 25 сол дар мақомоти амниятӣ кор кардааст. Пас аз ба нафақа баромаданаш дар “Facebook” матлабҳои интиқодӣ дар бораи фаъолияти мақомот ва сохторҳои қудратиро нашр мекард.

Аммо 16-уми июни соли 2022 дар пайи боздоштҳои густардаи зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мавлоназаров дар Душанбе боздошт шуд ва рӯзи 13-уми сентябри ҳамон сол Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо иттиҳомҳои сохта ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. 

Моҳи июни соли 2024 созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи “Freedom Now” дар ҳамкорӣ бо ширкати ҳуқуқии “Dechert LLP” ба Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона муроҷиат карда, қонунӣ будани ҳабси Муҳаммад Султонро зери суол бурд ва хостори озодии ӯ шуда буд.

Муҳаммад Султон моҳи июли соли 2026 бар асоси қонуни авф аз зиндон озод шуд. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Раҳмон барои иштирок дар ҳамоише ба Озарбойҷон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар кард.

Як ронандаи таксии шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон ба куштор гумонбар аст

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи маргбор дар гузаргоҳи пиёдагардон дар Варшава гумонбар дониста мешавад, пас аз марги ҷабрдида Лаҳистонро тарк кардааст.

Сафари аввалини Рубио ба Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон аз ин сафар чӣ интизор дорад?

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад.