Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар “маршировка” аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи 20-уми октябр хабари ихроҷи панҷ донишҷӯро тасдиқ карда, гуфтааст, ки онҳо дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекарданд ва соли дуюми таҳсилашон буд. Ба гуфтаи раёсати донишгоҳ, сабаби ин тасмим риоя накардани қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ, аз ҷумла иштирок накардан дар корҳои ҷамъиятӣ будааст.
Раёсати донишгоҳ мегӯяд, фармони ихроҷ хусусияти ислоҳӣ дошта, ҳадафи он баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ мебошад. Ба иттилои масъулон, се нафар аз панҷ донишҷӯи ихроҷшуда баъд аз муроҷиати хаттӣ ва эътирофи камбудиҳои худ дубора ба таҳсил барқарор шудаанд. Ду нафари дигар то ҳол муроҷиат накардаанд, аммо донишгоҳ мегӯяд, дар сурати муроҷиати онҳо масъалаи барқарорсозӣ тибқи тартиби муқарраршуда баррасӣ хоҳад шуд.
Ин вокуниш баъд аз он нашр шуд, ки Радиои Озодӣ 19-уми октябр аз ихроҷи дастикам панҷ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон барои иштирок накардан дар роҳпаймоӣ ё “маршировка”-и бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон хабар дод. Ба навиштаи расона, дар фармони ихроҷ сабаби расмӣ “иштирок накардан дар чорабинии сиёсӣ” номида шудааст.
Ин дар ҳолест, ки пештар намояндагони чанд донишгоҳ ва Вазорати маориф гуфта буданд, ки иштироки донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо ихтиёрӣ аст, на маҷбурӣ.
Донишҷӯён тайи солҳои охир борҳо аз иҷборӣ будани иштирок дар “маршировка”-ҳои бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ шикоят мекунан. Ба гуфтаи онҳо, барои омодагӣ ба ин чорабиниҳо ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо зери офтоби сӯзон дар шароити тоқатфарсо тамрин мекунанд ва дар ин муддат аз дарсҳо дур мемонанд. Бо вуҷуди ин, мақомот пайваста таъкид кардаанд, ки иштироки донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо ихтиёрӣ мебошад.
