Бонки рушди Осиё (БРО) ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад. Ин пешниҳод дар гузориши нави бонк, ки моҳи октябр нашр шуд, зикр гаштааст.
Тибқи гузориш, Тоҷикистон метавонад дар дарозмуддат имкони расондани синни нафақаи занонро то 63 сол ё тадриҷан боло бурдани синни нафақаи мардону занонро то 65 сол мавриди омӯзиш қарор диҳад. Ҳоло синни нафақа дар кишвар барои занон 58 сол ва барои мардон 63 сол аст.
Ба гуфтаи коршиносони БРО, тағйири эҳтимолии синни нафақа метавонад ба устувории молиявии низоми нафақа мусоидат кунад. Дар гузориш гуфта мешавад, ки айни замон танҳо тақрибан сеяки аҳолии қобили меҳнат ҳаққи суғуртаи нафақа месупорад.
БРО таъкид кардааст, ки ин танҳо пешниҳод аст ва мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳеч тасмими ниҳоӣ қабул накардаанд. Ба гуфтаи бонк, пеш аз қабули чунин тағйирот бояд паёмадҳои эҳтимолии иҷтимоӣ, молиявӣ ва иқтисодии он ҳамаҷониба омӯхта шаванд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз рӯи андозаи нафақа дар байни кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷойи охир қарор дорад. Нафақаи миёна дар кишвар 510 сомониро ташкил медиҳад.
