Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

Ба гузориши созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ, то имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии маҳбусони сиёсӣ эътилофи байналмилалии October 30 Coalition гузориши муштарак нашр карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки барои озодии маҳбусони сиёсӣ талошҳояшро тақвият диҳад ва масъулони таъқиби онҳоро ба ҷавобгарӣ кашад. Ин гузориш рӯзи 19-уми октябр дар сомонаи Freedom House, яке аз узвҳои эътилоф, нашр шудааст. Рӯзи маҳбусони сиёсӣ ҳамасола 30-юми октябр таҷлил мешавад.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, имрӯз беш аз як миллион нафар дар саросари ҷаҳон бо сабабҳои сиёсӣ дар ҳабс қарор доранд. Дар байни онҳо рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, фаъолони сиёсӣ, нависандагон, пешвоёни динӣ, ҳунармандон ва шаҳрвандони одӣ ҳастанд. Дар гузориш таъкид мешавад, ки ҳеҷ кас набояд барои баёни озодонаи андеша, ҳимояи эътиқоди худ ё истифода аз ҳуқуқҳои асосии инсон зиндонӣ шавад.

Эътилоф мегӯяд, ҳадафи зиндонии сиёсӣ танҳо ҷазо додани як шахс нест, балки тарсонидани ҷомеа ва хомӯш кардани ҳар гуна андешаи мустақил мебошад. Аз ин рӯ, аз кишварҳои демократӣ даъват шудааст, ки озодии маҳбусони сиёсиро ба яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ табдил диҳанд, парвандаҳои онҳоро пайгирӣ намоянд ва озодии фаврӣ ва бечунучарои онҳоро талаб кунанд.

October 30 Coalition аз Freedom House, Human Rights Foundation, National Endowment for Democracy (NED), Free Russia Foundation ва чанд созмони дигари ҳомии демократия ва ҳуқуқи инсон иборат аст. Ба гуфтаи онҳо, 30-юми октябр аз соли 1974 ба рамзи ҳамбастагӣ бо маҳбусони сиёсӣ табдил ёфтааст ва имсол низ дар Вашингтон ва чанд кишвари дигар ба ин муносибат чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Дар Тоҷикистон низ созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон дар солҳои охир борҳо аз вуҷуди маҳбусони сиёсӣ ва таъқиби фаъолони сиёсиву шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳабси намояндагони аҳзоби мухолиф, рӯзноманигорон, блогерҳо, ҳуқуқшиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ интиқод карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки парвандаҳои дорои ангезаи сиёсиро бозбинӣ намуда, ҳуқуқи мурофиаи одилонаро таъмин кунанд.

Дар моҳҳои охир қазияи чанд фаъоли тоҷик, ки пас аз ихроҷ аз кишварҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд, низ таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ва вакилони порлумонҳои хориҷиро ҷалб кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин парвандаҳо зарурати назорати байналмилалӣ аз вазъи ҳуқуқи инсонро боз ҳам бештар мекунанд.

Гузориш бо таъкид ба ин нукта анҷом меёбад, ки ҳар як маҳбуси сиёсӣ ном, саргузашт ва ҳаққи озодӣ дорад. Муаллифони он ваъда додаанд, ки номи онҳоро ба ёд хоҳанд дошт, дар канори хонаводаҳояшон хоҳанд монд ва то озодии онҳо талош хоҳанд кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.

Украина мегӯяд: 20 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ барои Русия меҷанганд

Украина беш аз 20 ҳазор ҷангҷӯи ҷалбшуда ба артиши Русия аз кишварҳои Осиёи Марказиро сабт кардааст. Мақомоти Осиёи Марказӣ бошанд, мавқеи ягона надоранд.

Клинтон ояте аз Қуръон хонду шоҳ Чарлз меҳмонашро бо ҳадис пешвоз гирифт

Билл Клинтон, собиқ раисҷумҳури Амрико бо ишора ба Қуръон таҳқири мусулмононро маҳкум кард ва шоҳ Чарлзи III дар қабули султони Умон ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба арабӣ хонд.

Оё синни нафақа дар Тоҷикистон тағйир меёбад?

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад.