Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад. Ҳадафи ин тавофуқ фароҳам овардани шароити амн барои расонидани кумакҳои башардӯстона ва кӯчондани сокинони осоишта аз ин минтақаи ҷангзада мебошад.

Тибқи иттилои расонаҳо , ин оташбас ҳафтаи гузашта бо миёнравии Мелания Трамп, ҳамсари президенти Амрико Доналд Трамп, ба даст омада, аз ҷониби Русия ва Украина пазируфта шудааст. Мелания Трамп гуфтааст, ки вазъи башардӯстона дар Олешки бисёр нигаронкунанда аст ва маҳз ҳамин вазъ сабаби талошҳои миёнравонаи ӯ шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар Олешки ҳанӯз тақрибан ду ҳазор ғайринизомӣ боқӣ мондаанд. Аксари онҳо пиронсолон мебошанд, ки ба дору, ғизо, оби ошомиданӣ ва кумаки фаврии тиббӣ ниёз доранд.

Бар асоси нақшаи пешбинишуда, қабл аз оғози интиқоли кумакҳо роҳҳои вуруд ба шаҳр бояд аз минаҳо поксозӣ шаванд. Пас аз он корвонҳои башардӯстона ва нақлиёти эвакуатсионӣ метавонанд ба шаҳр ворид шаванд. Мақомоти Украина мегӯянд, садҳо нафар барои берун овардан аз минтақаи хатарнок номнавис шудаанд.

Бо вуҷуди оғози оташбас дар Олешки, дар дигар минтақаҳои Украина даргириҳо идома доранд. Чанд соат пеш аз мавриди амал қарор гирифтани ин тавофуқ, Русия ба Киев ва чанд минтақаи дигар ҳамла анҷом дод. Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо ба хобгоҳи донишҷӯён ва дигар иншооти ғайринизомӣ осеб расида, дастикам як нафар кушта шудааст. Ин иддао то ҳол аз ҷониби манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст ва Русия низ дар ин робита изҳороти расмӣ нашр накардааст.

Гуфта мешавад, ки ин тавофуқ танҳо ба минтақаи Олешки дахл дорад. Коршиносон бар ин назаранд, ки онро набояд оғози оташбаси умумӣ ё поёни ҷанги Русия ва Украина арзёбӣ кард. Бо вуҷуди ин, онҳо ин иқдомро як қадами муҳим барои наҷоти ҷони сокинони осоишта ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба минтақаи даргирӣ медонанд.

Ҳоло маълум нест, ки ин оташбас то кадом муддат идома хоҳад кард, кадом созмонҳо масъули расонидани кумакҳо хоҳанд буд ва назорати иҷрои тавофуқ чӣ гуна анҷом дода мешавад. Ҳамчунин вокуниши расмии Русия ба иддаои ҷониби Украина дар бораи ҳамлаҳои ахир ҳанӯз маълум нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.

Кишварҳои СПАД ба Тоҷикистон силоҳ мефиристанд

Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) қасд доранд то поёни соли 2026 интиқоли силоҳу техникаи низомиро ба Тоҷикистон оғоз кунанд.

Нишасти Теҳрон: Эрон ва аъзои Паймони Макка ба идомаи музокирот мувофиқат карданд

Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия пас аз нишасти Теҳрон аз идомаи гуфтугӯҳо барои таҳкими сулҳу амнияти минтақа хабар доданд.