Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард. Дар ин бора САСР рӯзи 2-юми ноябр дар сомонаи расмияш хабар додааст.

Бино ба иттилоияи Сандуқ, маблағ рӯзи 30-юми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Қарз ба муҳлати 20 сол, бо дарсади солонаи 1% ва давраи имтиёзии даҳсола дода мешавад. Он барои пуштибонӣ аз барномаи суботи иқтисодӣ ва ислоҳоти ҳукумату Бонки миллӣ дар солҳои 2025–2027 пешбинӣ шудааст.

Дар иттилоияҳои расмӣ ҳадафи маблағгузорӣ шарҳ дода шудааст, аммо тақсимоти 100 миллион доллари воридшуда аз рӯйи хароҷоти мушаххас оварда нашудааст.

Созишномаи қарзи 200-миллиондолларӣ рӯзи 13-уми август ба имзо расида буд. Ба гузориши “Азия-Плюс”, маблағгузорӣ дар се марҳила — аввал 100 миллион доллар ва сипас ду бор 50 миллиондолларӣ — анҷом мешавад. Дарёфти бахшҳои баъдӣ ба иҷрои тадбирҳои барнома вобаста аст.

Дар шарҳи созишнома гуфта мешавад, ки қарз барои хароҷоти буҷет, аз ҷумла хароҷоти афзалиятноки иҷтимоӣ, равона мешавад. Ин ниҳод зарурати дастгириро ба фишоре низ рабт додааст, ки бозпардохти вомбаргҳои байналмилалии Тоҷикистон ба буҷет меорад.

Аммо дар иттилоияҳои нашршуда аз ҷониби Сандуқ ё ҳукумати Тоҷикистон мушаххас нашудааст, ки аз маблағи воридшуда чӣ қадар ба кадом соҳа ё хароҷоти буҷетӣ ҷудо мешавад. 

Баланд бардоштани шаффофияти сиёсати иқтисодӣ яке аз самтҳои барномаест, ки Сандуқ барои он қарз медиҳад. Барнома дар маҷмуъ 12 тадбирро дар самтҳои суботи иқтисодӣ, сиёсати буҷетӣ, коҳиши хавфҳои молиявӣ ва шаффофият дар бар мегирад. Дар шарҳи созишнома самтҳои умумӣ оварда шудаанд, аммо рӯйхати пурраи ин тадбирҳо ва меъёрҳои санҷиши иҷрои онҳо зикр нашудааст.

Ин ягона маблағгузории хориҷӣ барои ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон нест. Бонки ҷаҳонӣ моҳи августи соли 2025 50 миллион доллар грантро барои рушди рақобат, бахши хусусӣ ва беҳтар кардани фаъолияти бахши давлатӣ тасдиқ карда буд.

Ин бонк дар иттилоияи якуми июли соли 2026 аз тасдиқи 100 миллион доллар гранти дигар хабар дод. Аз ҳадафҳои он ислоҳоти энергетика, ҳавопаймоӣ ва соҳаи рақамикунонӣ, инчунин баланд бардоштани шаффофияти корхонаҳои давлатӣ гуфта шудааст. Барнома нашри маълумоти муфассали маблағгузорӣ ва хароҷоти мактабҳою муассисаҳои кумаки аввалияи тиббиро низ пешбинӣ кардааст.

Ин ду маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ кумаки бебозгаштанд, дар ҳоле ки қарзи Сандуқ бояд бо дарсадаш баргардонида шавад. 

Бо вуҷуди ҷой доштани шаффофият дар ҳадафҳои эълоншудаи барномаҳои маблағгузорӣ, вале ҳангоми иҷрои барномаҳо ва тарзи масрафи ин маблағҳо ҳеч гузорише нашр намегардад ва барои ҷомеа дастрас нест. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар шохиси “Баррасии буҷети боз — 2025”-и Созмони “Мушорикати байналмилалии буҷет” (IBP) дар соли гузашта аз 100 хол 47 хол ва аз нигоҳи иштироки ҷомеа дар раванди буҷет бошад 17 хол гирифтааст, ки ин ниҳод аз 61 хол поёнро дар робита ба сатҳи шаффофият дар иттилооти буҷетӣ кофӣ намедонад. 

Агарчи Вазорати молияи Тоҷикистон ҳисоботи қарзи давлатӣ ва баъзе маълумоти давриро нашр мекунад, вале маълумоти хараҷоти воқеии маблағҳои дарёфтшуда ва ё натиҷаи ин маблағгузориҳои ҳангуфт аз ҳеч ниҳоди ҳукуматие барои шаҳрвандон пешкаш намегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.

Бедарак шудани як фаъоли зодаи Бадахшон дар Олмон

19-уми октябри соли ҷорӣ, фаъоли зодаи Бадахшон Саидтаиб Саидмамудов дар Олмон боздошт шудааст ва бо гузашти ду ҳафта аз ӯ хабаре нест.