Шурӯи нишастҳои хабарии мақомот дар Душанбе

Рӯзи душанбеи 13 июл нишастҳои хабарии мақомоти Тоҷикистон дар се вазорат, энергетика ва захираҳои об, адлия ва кишоварзӣ ва ҳамчунин Хадамоти алоқа  оғоз мешавад.

Ин ниҳодҳои давлатӣ ва низ Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  аз фаъолияти худ дар нимсолаи аввал гузориш медиҳанд.

Ба гузориши “Ховар” нишасти хабарии Вазорати адлия соати 09:00, Хадамоти алоқа соати 11:00 ва Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 15:30 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешаванд. Аммо нишасти матбуотии муштараки Вазорати кишоварзӣ бо Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор мешудааст.

Дар сомонаи khovar.tj эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо тибқи нақшаи тасдиқкардаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июл оғоз гардида, 31 июл ба анҷом мерасанд.         Дар пайи дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 қарор бар ин буд, ки ҳар семоҳа масъулини ниҳодҳои давлатӣ аз натоиҷи фаъолияти худ ба ҷомеа тавассути хабарнигорон гузориш бидиҳанд. Аммо баъдан шумораи нишастҳои хабарӣ дар як сол аз чаҳор ба ду маротиба коҳиш дода шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия имтиҳони забонро барои қисме аз муҳоҷирон бекор кард

ВКД Русия дар пасманзари норасоии коргарон пешниҳод кардааст, ки қисме аз шаҳрвандони хориҷӣ аз супоридани имтиҳони забони русӣ, таърихи Русия ва қонунгузории ин кишвар озод карда шаванд.

Оё дар Тоҷикистон зимистони имсол лимити барқ ҷорӣ мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон масъалаи коҳиш додани талафоти нерӯи барқро баррасӣ доранд, аммо бо наздик шудани зимистон, дар бораи ҷорӣ шудан ё нашудани лимити барқ чизе нагуфтаанд.

Як навзоди якрӯза аз таваллудхонаи Душанбе бедарак шуд

Як навзоди якрӯза шаби 11 ба 12-уми октябр аз Таваллудхонаи №1-и Душанбе нопадид шудааст.

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Австрия: оё масъалаи истирдоди мухолифон боз ҳам матраҳ аст?

Дар Душанбе 12-уми октябри соли ҷорӣ даври 13-уми машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид.