Ҳукумат: лимити барқ ҷорӣ мешавад, моро дуруст дарк кунед

Акс аз aif.md

Бо нашри як муроҷиатнома ҳукумати Тоҷикистон аз ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли неӯи барқ хабар дод, ки расман аз 28 июл амалӣ шудааст. Дар Муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон, ки дар сомонаҳои расмии ҳукумат, ба нашр расидааст, иллати ин амр камбуди об дар обанборҳои нерӯгоҳҳо гуфта мешавад.

“Тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд ва 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил кард.Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад.Имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.Чунин ҳаҷми об нишонаи равшани он аст, ки дар кӯҳҳо захираи барф кам мебошад. Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд”, – омадааст дар муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон.

Дар идомаи ин муроҷиати худ ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки ба иллати коҳиши оби рудхонаҳо ҳатто “маҷбур шудем, ки пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерӯи барқро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ намоем”. Бад-ин манзур аз мардуми кишвар даъват шудааст,ки “маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд”.

Як рӯзи пеш масъулони арсаи энержии Тоҷикистон аз қатъи интиқоли нерӯи барқ ва содироти он хабар дода буданд ва имрӯз хабарҳо ҳокист, ки Кобул-пойтахти Афғонистон, ки аз Тоҷикистон нерӯи барқ дарёфт мекард ба торикистон бадал шудааст. Афғонистон камбуди барқи Тоҷикистонро аз ҳисоби Узбакистон таъмин карданист.

Зимнан ин барои бори аввал аст ки дар фасли гармо неруи барқ ба аҳолӣ  тибқи реҷа дода мешавад. Аз ин рӯ, барои мардуми кишвар, ки аслан чунин омодагиро надоштанд, ин як мушкилоти дигарро дар канори мушкилоти иқтисодӣ пеш меоварад. Аз тарафи дигар мардуми кишвар аз он нигарон аст ки агар дар тобистон неруи барқ бо лимит дастрас бишавад авзоъ дар тирамоҳу зимистон чи гуна хоҳад буд? Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмонов ҳангоми ба истифода додани чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун дар ду соли қабл шодиёна гирифта буд, ки дигар лимит ба афсона табдил шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар ноҳияи Шоҳмансур марде бо гумони рабудани ноболиғ ва ҳаракатҳои бадахлоқона боздошт шуд

Дар Душанбе як мард бо гумони рабудани ноболиғ ва анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ӯ боздошт шудааст.

Баъди бозӣ бо Партугалия шонси бурди Узбекистон ба давраҳои баъдӣ хеле кам шуд

Дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дуюми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз тими Португалия бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд ва имкони роҳ ёфтанаш ба марҳилаи баъдӣ коҳиш ёфт.

Шикояти сокинон: Маъмурони барқ ҳамро беҳуда қарздор мекунанд

Сокинони бархе ноҳияҳои кишвар аз он шикоят доранд, ки маъмурони барқ хона ба хона гашта, ҳамаро беҳуда аз барқ қарздор менависанд ва ҷарима мебанданд.

Тирпарронӣ ва боздошти навраси 15-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду навраси тоҷикро, ки байни худ даргир шуда ва дар натиҷа тирпарронӣ карданд, боздошт кардааст.