16.9 C
Dushanbe

Аҳзоби Тоҷикистон бо ваъдаи таъмини амнияту сохтани метро вориди интихобот мешаванд

Аксҳо аз “Озодӣ” ва “Ховар” гирифта шудааст

Баъд аз эълони таърихи баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли равон, то ҳол ду ҳизб аз иштирокашон дар ин интихобот хабар доданд.

Бино ба гузориши ҳафтаномаи “Тоҷикистон” рӯзи 15 августи соли ҷорӣ аввалин шуда Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Рустам Латифзода раиси ин ҳизбро ба ҳайси номзади ба интихоботи президентӣ пешниҳод намуд.

Акс аз “Ховар”

Ҳафтаномаи Тоҷикистон менависад, ки Рустам Латифзода дар барномаи пешазинтихоботии худ масъалаи таъмини амнияти давлатӣ, таҳкими марзҳо ва беҳбудии сатҳи зиндагии шаҳрвандонро аз мавзӯҳои меҳварии худ ҳамчун номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон унвон кардааст.

Дар интихоботи парлумонии гузашта Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар парлумон 7 курсиро соҳиб шуд. Рустам Латифзода баъд аз даргузашти раиси собиқи Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Амир Қароқулов дар соли 2014, раиси ин ҳизб интихоб гардид.

Ҳамзамон Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, низ аз иштироки ҳизбаш дар интихоботи президентии 11 октябр хабар дод.

Ғаффорзода дар хусуси барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбаш ба баланд бардоштани нафақабаи пиронсолон ва сохтани метро дар Душанбе ишора кардааст. Низ илова намуда, ки яке аз пешниҳодоти ҳизбаш дар ин интихобот барои даромади иловагӣ ба буҷаи давлатӣ ин аст, ки роҳҳои дохили шаҳри Душанбе барои мошинҳое, ки аз дигар ноҳияҳо меоянд, пулакӣ карда шавад.

“Мувофиқи релефи шаҳр он метавонад дар баъзе ҷойҳо метрои рӯизаминӣ ҳам бошад. Инчунин,  мо як пешниҳоди дигар дорем. Чун шаҳр ҳоло чаҳор дарвоза дорад, бояд он мошинҳое,ки аз минтақаҳо ба пойтахт меоянд, дар истгоҳи назди ҳамин дарвозаҳо таваққуф кунанд.  Агар ба шаҳр даромадан хоҳанд, бояд маблағи муайян супоранд. Он гоҳ ҳам тамбашавӣ камтар мешаваду ҳам ба буҷа маблағи иловагӣ ворид мегардад”, – гуфт Ғаффорзода.

Ӯ дар суҳбат бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” оиди рушди иқтисоди кишвар ба чанд нукта чунин ишора намудааст: “Бигзор дар дохили кишвар ва бо қувваи  мардуми мо боигариҳои табии мо коркард шаванд. Он гоҳ мо 75 фоизи даромадро ба хориҷиҳо намедиҳему он вориди буҷаи давлат мешавад. Роҳи сеюмаш, ин баланд бардоштани тафаккури техникии насли наврас аст. Вақте ки мо истеъдодҳои техникиро якҷо сарҷамъ карда, бо устодони забардаст таъмин мекунем, он гоҳ пешрафтро интизор шудан мумкин аст ва онҳо ба мардуми худ хизмат мекунанд”, – таъкид кардаст раиси ҲСТ.

Бино ба тасдиқи худи раиси ҲСТ аъзоёни ин ҳизб ба 21 ҳазору 500 нафар расидааст ва зиёда аз нисфи аъзоёнаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Абдуҳалим Ғаффорзода ҳамчунин дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 низ номзадии худро ба курсии президентӣ пешбарӣ карда буд. Аксари коршиносон пешбарӣ шудани номзадии ин ҳизбро чандон ҷиддӣ қабул надоранд ва ҳизби ӯро ҳамчун ҳизби кисагӣ ном мебаранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Эмомалӣ бо фиристодаи вижаи Трамп

Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вежаи Президенти Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Гор мулоқот кард.

Боз як сарбози дигар дар Тоҷикистон “худкушӣ” кард

Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода, сокини 23-солаи ноҳияи Файзобод пас аз ҳашт моҳи хидмат дар артиш худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохта, худкушӣ кард.

Талафоти ҷонӣ дар ду садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон

Дар пайи садамаҳои нақлиётии ду рӯзи гузашта дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан ҷон бохта, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Лоиҳаи CASA-1000 ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад?

Дар шаҳри Душанбе масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи минтақавии энергетикии CASA-1000 ва омодагӣ ба оғози марҳилаи тиҷоратии он баррасӣ гардид.