9.9 C
Dushanbe

Гуфтушунидҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон оиди таъйини марзҳо доир мешавад

Гуфтушунидҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз, ки чанд соли ахир яке аз мушкилоти асосӣ ва ҳалношудаи ин давлатҳост, доир мешавад. Нишасти навбатии комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масъалаи марзӣ бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои хабаргузории “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд хабар дода, ки ҳамраисони комиссияи мазкур муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров мебошанд.

Ин хабаргузори бо такя ба манбаи худ мегӯяд, ки рӯзи 24 августи соли равон Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳамтои қирғизии худ Акрам Мадумаров телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Намояндагони баландпояи ин ду кишвари ҳамсоя зимни гуфтугӯ оиди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла масъалаи таъйин ва аломатгузориимарзи давлатиро бо ҳам баррасӣ карданд.

“Дар мулоқот муҳимияти доимо баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии минтақаи наздисарҳадӣ то пурра расмияти қонунӣ гирифтани хати сарҳад бар асоси муқаррароти созишномаҳои имзошуда ва санадҳои комиссияи байниҳукуматӣ таъкид шуд”, – омадааст дар хабар.

Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак вуҷуд дорад, ки аз ин шумор танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Боқӣ 472 километри дигари марзи давлатии миёни ду кишвар аломатгузорӣ нашуда номуайян боқӣ мондааст. Танишҳо байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ин ду кишвар солҳост, ки идома дорад ва ин муноқишаҳо дар нуктаҳои номуайянии марзҳо сар мезанад, ки то ҳол даҳҳо захмӣ ва кушта аз ду ҷониб ба ҷо гузоштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.