12.9 C
Dushanbe

Вазорати маориф роҳи дурусти билетхарии донишҷӯёни дар хориҷбударо фаҳмонд

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳварндони тоҷике, ки дар донишгоҳҳои олии ҷумҳуриҳои Украина ва Беларус таҳсил доранд, ё қабул шудаанд, ҳангоми хариди билети бозгашт бояд ҳуҷҷати донишҷуйии худро нишон диҳанд.

Гуфта мешавад, барои дарёфти билет онҳоро зарур аст, ки мустақиман ба намояндагии ширкати «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд. Дар назар аст шуруъ аз 30 август тавассути хатсайри «Сомон Эйр» парвозҳои чартерии Душанбе-Минск ба роҳ монда мешаванд.

Рӯзи  27 август Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди пешгирӣ аз паҳншавии бемории  COVID-19 парвозҳои чартерӣ дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» қарор қабул намуд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хостааст, талаботи санитарию эпидемиологиро дар кишварҳо риоя намоянд.

Ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳури Тоҷикистон сафоратҳои Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Украина дастур додааст, ки дар таъмини транзит аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сармуҳосиби беморхона ба иттиҳоми дуздии беш аз як млн сомонӣ боздошт шуд

Сармуҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб Сиддиқов Б.Б. бо иттиҳоми тасарруфи маблағи зиёди буҷети давлатӣ боздошт шудааст.

Низоми нави назорати вазни мошинҳои боркаш дар даромадгоҳҳои Душанбе

Дар роҳҳои воридшавӣ ба шаҳри Душанбе аз самтҳои Турсунзода ва Бохтар нуқтаҳои махсус барои санҷиши вазни мошинҳои боркаш бунёд карда мешаванд.

Тоҷикистон талош дорад ба маркази транзитӣ дар минтақа табдил шавад

Тоҷикистон метавонад дар оянда ба яке аз нуқтаҳои муҳими пайвасткунандаи роҳҳои нақлиётӣ миёни кишварҳои ИДМ ва минтақаҳои Осиё табдил ёбад.

Боздошти бародари Тошиев дар Қирғизистон

Шаирбек Тошиев, бародари хурдии собиқ раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст.