13.9 C
Dushanbe

Пешниҳоди иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дастгирӣ меёбад, Э.Раҳмон номзад ба мақоми Президенти Тоҷикстон

Акс аз сомонаи “Ховар”

Бино ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор гардида, устодон ва магисторони ин ниҳоди илмӣ пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистонро оиди пешбарӣ намудани номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Тоҷикистон дастгирӣ намуданд.

Дар хабар омада, ки “ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм Рамазон Одиназода ва дигарон вобаста ба дастовардҳои даврони истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сухан гуфтанд.”

Ба навиштаи “Ховар”, дар ин ҳамоиш тамоми ходимони илмии Академияи мазкур бо шиорҳои “Пешвои миллат- номзади арзанда”, “Поянда бод мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон!”, “Пешвои сулҳофару ваҳдатовар” ва “Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!” миннатдории худро ба Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайвастааш баён доштанд.

Акс аз сомонаи “Ховар”

Коршиносони масоили сиёсӣ бар назаранд, ки ингуна нишастҳо ва ҷонибдориҳову шиорпартоиҳо аз ҷониби қишрҳои гуногуни кишвар дар Тоҷикистон маъмулӣ аст ва пеш аз ҳар интихоботе номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ҷомаи қонунӣ мепушонанд. Ин навбат ҳам ки бошад ба монанди солҳои пешин ниҳодҳои гуногун то рӯзи баргузории анҷумани навбатии ҲХДТ нишастҳо доир намуда пешниҳоди иттифоқҳои касаби Тоҷикистонро ба қавле “якдилона” дастгирӣ мекунанд.

Як манбаъ бо шарти зикр нашудани номаш аз як ниҳоди илмии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Аздо тв” гуфт: “Аҳли зиёи мамлакат имрӯзҳо вазифадор шудаанд, ки нишастҳои илмӣ баргузор намуда, зери унвонҳои зиёд оиди дастовардҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақолаву маърузаҳо суханронӣ кунанд”.

Ёдрас мекунем, ки Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26-уми август зимни Анҷумани навбатии худ президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад аз тарафаи Иттифоқи касаба барои интихоботи президентии моҳи октябри соли ҷорӣ пешбарӣ карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изи ВКД-и Тоҷикистон дар занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар Варшава

Дар пайи як занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Варшаваи Лаҳистон се зодаи Тоҷикистон боздошт гардида, як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт.

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд

Субҳи рӯзи 28-уми феврали соли 2026 Амрико дар ҳамроҳӣ бо Исроил ҳамлаҳои низомии худро бар зидди Эрон оғоз карданд.

Баррасии лоиҳаи қонуни зидди “анклавҳои муҳоҷирон” дар Думаи давлатӣ

Баъзе аз вакилони Думаи давлатии Русия мехоҳанд, ба мақомоти маҳаллӣ ҳуқуқ дода шавад, ки тавонанд мустақилона дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ қарори дахлдор қабул кунанд.

Даргириҳои шидиди низомӣ байни Покистону Афғонистн

Субҳи рӯзи ҷумъа, 27-феврал нерӯҳои ҳавоии Покистон ба шаҳри Кобул ва 4 вилояти дигари Афғонистон ҳамлаҳои густарда анҷом доданд.