Як корманди Нозироти андоз бо иттиҳоми пора дастгир шуд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи боздошти корманди Нозироти андоз бо гумони гирифтани пора иттилоъ медиҳад. Дар ин бора сомонаи “Авеста” хабар дод.

Бино ба иттилоъи маркази матбуотии оҷонси мубориза бо фасод, Азиззода Рустам Азиз, корманди нозироти андози ноҳияи Шоҳмансур, дар гирифтани пора гумонбар дониста мешавад. Ба навиштаи ин сомона, моҳи июни соли равон Азиззода аз шаҳрванд “А” барои таҳияи санад ва мусоидати минбаъда дар қатъи фаъолияти соҳибкорӣ 5 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Азиззода аз шаҳрванд “А” 1 ҳазору 250 сомонӣ гирифта, маблағи боқимондаро талаб мекунад, аммо кормандони Агентии мубориза бо коррупсия ҳангоми гирифтани 1,5 ҳазор сомонии дигар ӯро дастгир мекунанд.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Рустам Азиззода бо моддаи 319 (Гирифтани пора) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, пас аз тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол шудааст.

Ба назари коршиносон кумитаи андоз сабабгори асосии муфлис шудани соҳибкорон ва корхонаҳои хурд ба шумор меравад. Андози аз ҳад зиёд ва талаби ба қавле “ДОЛЯ” намегузорад то соҳибкорон аз тиҷорати худ фоидае ба даст оранд ва маҷбур мешаванд то фаъолияти соҳибкории худро қатъ карда, барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия раванд. Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ соҳибкорон аз Панҷакент шикоят карда буданд, ки коркунони андоз ба ҷуз андозҳои муқарраршуда, низ пардохти пешакиро талаб доранд.

Бо вуҷуди оне, ки зиёдталабии кормандони соҳаи андоз борҳост шунида мешавад, аммо то ба ҳол дар ин бора аз мақомоти Андоз ва масъулони он чизе ба расонаҳо гуфта нашудааст. Аксари соҳибкорон мепурсанд, ки мақомоти қудратӣ агар мехоҳанд пеши ҷинояту ҷинояткориро бигиранд, пас бояд сари роҳи нозирони андозро бигиранд ва фаъолияти онҳоро пурра тафтиш кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.