Дар Душанбе ҷаласаи муштараки иқтисодиву иҷтимоии Узбекистону Тоҷикистон баргузор мешавад

Акс аз sputnik-tj.com

Тибқи иттилои Хабаргузории “Форс” дар Душанбе, ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қаҳер Расулзода ва сарвазири Узбекистон Абдуллоҳ Арифов дар рӯзҳои 28 ва 29 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки ҳайати мақомоти баландпояи Узбакистон таҳти раёсати сарвазир дар рӯзҳои охири моҳи ҷорӣ барои баррасии муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун вориди Душанбе шавад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаи боз кардани марзҳо ва барқарор кардани иртиботи ҳавоии ду кишварро, ки дар нимаи моҳи марти соли равон бо сабаби хуруҷи вируси COVID-19 қатъ шуда буд, баррасӣ мекунанд. Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо инчунин ният доранд, ки масъалаҳои рушди тиҷорати дуҷониба, лоиҳаҳои ояндаи сармоягузорӣ, тавсеаи алоқа дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ва муносибатҳои байни минтақаҳоро баррасӣ кунанд.

Хабаргузории “Форс” менависад, ки аз ҷумлаи мавзӯҳои баррасишавандаи ин Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳаҷми интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Узбакистон, гази Узбакистон ба Тоҷикистон ва нархи он барои соли оянда низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Баъд аз омадани Шавкат Мирзиёев ба раҳбарии Узбекистон, муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя беҳбуд ёфт. Мирзиёев соли 2018 ба Тоҷикистон ташриф овард ва зимни сафараш чандин санадҳои ҳамкориро ба имзо расонид, аз ҷумла раводидро аз байн бардоштанд ва то 30 рӯз шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон метавонанд бе раводид ба хоки якдигар ворид шаванд, инчунин марзҳое, ки солҳо баста буданд боз гардиданд ва равуо байни шаҳрвандони ин ду кишвар осон гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...

Аз 1-уми сентябр қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия сахттар мешаванд

Аз 1-уми сентябри соли 2026 дар Русия чанд қонуни наве ба иҷро медароянд, ки назорат аз болои муҳоҷирон сахттар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон писараш Рустами Эмомалиро бо ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ писараш Рустами Эмомалиро бо ордени дараҷаи якуми Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард.

Камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар то 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Муҳоҷират чӣ?

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар солҳои аввали истиқлол то 19 дарсад дар соли 2025 коҳиш ёфтааст.