13.9 C
Dushanbe

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон имрӯз 17 сентябр вориди Душанбе шуд

Муҳаммад Атмар Ҳаниф. Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон

Вазири корҳои хориҷаи Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар имрӯз 17 сентябр бо даъвати расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин барои таҳкими муносибатҳои Афғонистон бо Тоҷикистон дар бахшҳои амният, марз ва иқтисод вориди Душанбе шуд. Дар ин бора вебгоҳи Вазорати хориҷаи Афғонистон дар хабар медиҳад.

Дар расонаҳои расмии Тоҷикистон то ҳоло дар бораи сафари ин ҳайати баландпояи ҳамсоякишвар чизе гуфта нушудааст.

Қарор аст дар ин сафари расмӣ Муҳаммад Ҳаниф Атмар бо мақомҳои баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла бо президент Эмомалӣ Раҳмон, сарвазир Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Меҳриддин ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дидору гуфтугӯҳо анҷом диҳад. Муҳокимаҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои амният, марз, нақлиёт, сармоягузорӣ, тиҷорат, транзит ва энергетика равона хоҳанд шуд.

Дар хабар Вазорат омадааст, ки дар ин сафари расмӣ Вазири хориҷаи Афғонистонро як қатор масъулони давлатӣ, раисони шаҳру вилоятҳо ва шуморе аз аъзоёни Парлумон ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин сафараи масъули Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад,  ки президенти расиҷумҳурони ду кишвар, Ашраф Ғанӣ ва Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 сентябр дар як гуфтугӯи телефонӣ барои ташриф овардани як ҳайати байнивазоратӣ таҳти сарварии сарпарасти Вазорати корҳои хориҷ Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд.

Ду президент дар ин гуфтугӯи телефонӣ низ ба мувофиқа расидаанд, ки ҳайатҳои ду ҷониб масоили сиёсии байни ду кишвар, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятӣ, бавижа мубориза бо терроризм ва маводи мухаддирро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон пеш аз 1400 километр марзи муштарак дорад. Дар ин кишвари ҳамсоя аз замони ҳуҷуми Шӯравӣ то ба ҳол беш аз 40 сол мешавад, ки ҷангҳои хунин идома дорад. Пас аз хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон Гурӯҳи Толибон бо ҳукумати ин кишвар дар ҷанг аст. Чандест масъалаи сулҳ байни Толибон ва ҳукумати Афғонистон бо ташаббуси ИМА раванди сулҳ идома дорад. Рӯзи 12 сентябр дар Давҳа пайтахти Қатар байни ҳайатҳои Ҳукумат ва Толибон маросими ифтитоҳи музокироти сулҳ оғоз ёфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.