7.9 C
Dushanbe

Журналисти шинохтаи тоҷик Мавлуда Рофиева дар Хуҷанд даргузашт

Мавлуда Рофиева, рӯзноманигори минтақавии “Азия-Плюс” рӯзи 13 октябр дар беморхонаи клиникии ба номи С.Қутбиддинов дар шаҳри Хуҷанд дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

Ин беморхона ба дармонгоҳи муолиҷаи беморони илтиҳоби шуш ва коронавирус мутобиқ гардонида шудааст. Далели марги ӯро дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд тасдиқ намуда, лекин аз ҷузъиёти сабабҳои маргаш маълумот надоданд.

Ҳамкорон ва дӯстони ӯ хабар доданд, ки ҳафтае пеш Мавлуда аз сулфа, зукому шамолхӯрӣ ва нотавонии ҷисмаш шикоят дошт. Ӯ дар хона муолиҷа мегирифт, лекин пас аз бад шудани вазъи солимиаш дар бемористон бистарӣ шуд.

Ба гуфтаи ҳамкорон, Мавлуда ба солимии худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекард ва дар шароити пандемия ҳамаи чораҳои пешгириро риоя менамуд.

“Як ҳафта пеш мо бо ӯ телефонӣ суҳбат кардем, – мегӯяд дӯст ва ҳамкорӣ ӯ Муҳаббат Ҷӯраева. – Ӯ изҳор дошт, ки аллакай сиҳат шуда истодааст ва рӯзи душанбе ба кор мебарояд. Лекин воқеа чунин сурат гирифт, ки боиси таассуф аст. Мо натанҳо мутахассиси босаводи кори худу ташкилотчии моҳир, балки як зани ҷасуру ғаюр ва адолатхоҳро аз даст додем. Аз неру ва талошҳое, ки ӯ дошт, ҷавонон бояд сабақ бигиранд”.

Давоми фаъолият ба ҳайси намояндаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд ӯ тез-тез барои рӯзноманигорон мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои ҳадафнок баргузор мекард.

Мавлуда Рофиева дар шаҳраки Адрасмон ба дунё омада, дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) зиндагӣ мекард. Волидонаш зодагони деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт мебошанд. Падараш 90-сола буда, ҳамроҳи писараш дар Гулистон умр ба сар мебарад.

Раиси ҷамоати шаҳраки Адрасмон Ориф Бобоҷонов хабар дод, ки барои анҷоми маросими гӯру чӯб оила омадани духтари Мавлударо, ки айни замон дар Маскав иқомат дорад, интизор аст.

Ба гуфтаи пайвандони марҳум, алҳол дар бораи дар куҷо гӯронидани ҷасади рӯзноманигор тасмиме гирифта нашудааст. Маросими гӯронидан зери назорати табибони санитарӣ баргузор мешавад.

Манбаъ: “Азия-Плюс”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳимзода: Ҷиноятҳои террористӣ афзоиш ёфтаанд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 12-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ аз афзоиши ҷиноятҳои террористӣ хабар дод.

Чаро вазири адлия аз посух ба суолҳо дар бораи зиндонҳо худдорӣ мекунад?

Вазири адлияи Тоҷикистон аз ҷавоб додан ба суоли рӯзноманигорон дар бораи зиндонҳо худдорӣ кард.

Бар асари тирандозӣ дар як мактаб 9 нафар кушта шуд

Дар як ҳодисаи тирандозӣ дар мактаби миёнае дар Канада 9 нафар кушта шуда, дасти кам 25 каси дигар захмӣ шудааст.

Имсол ҳам Тоҷикистони фасодзадатарин кишвар шинохта шуд

Тоҷикистон дар соли 2025 дар миёни кишварҳои фасодзадатарини дунё қарор гирифтааст.