Як ҳайате аз намояндагони Парлумони Узбекистон ба Душанбе меоянд

Дар назар аст, рӯзҳои наздик як гурӯҳе аз намояндагони Маҷлиси миллии Узбекистон барои баргузории нишасти муштарак бо ҳамтоёни тоҷики худ ба Душанбе оянд.

Гуфта мешавад, ин нахустин нишасти гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон дар 30 соли ахир хоҳад буд, ки қабалан чунин нишастҳо набуданд ва ин бори аввалин аст.

Ба иттилои радиои Садои Хуросон ҳайати парлумонии Узбекистонро Улуғбек Иноятов, масъули кумитаи улум, омӯзиш, фарҳанг ва варзиши парлумони ин кишвар сарпарстӣ мекунад ва ҷониби Тоҷикистонро Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкории маҷлисҳои байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Гуфта шудааст, дидори ҳайати парлумонии Узбекистон бо масъулони маҷлисҳои Миллӣ ва Намояндагон ва ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст.

Тибқи нақшаи расмии тасдиқ гардида намояндагони Маҷлиси миллии Узбекистон аз маконҳои таърихӣ, маконҳои сайёҳӣ ва марказҳои саноъатии Тоҷикистон дидан хоҳанд кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.