Боз ҳамла ба ҷони раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров

Акс: Radioi Ozodi

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров аз суиқасди навбатӣ ба ҷонаш дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод. Дар натиҷаи ин ҳамла Зойиров ҷароҳат бардошта, танҳо рӯзи дуввум тавонистааст аз ҷогаҳ бархезад.

Раиси ҲСДТ навиштааст соати 18.20-и рӯзи 22 сентябр ду нафар ба ӯ ҳамла кардаанд.

“Дар 20-метрии ҷои истиқоматам, дар ҳошияи роҳи мошингард, дар наздикии зина ду нафари ношинос ногаҳон аз пушт ба ман ҳамла карданд. Яке аз онҳо аз пушт ду зарба зад: зарбаи аввал ба сар бо шайъи кунд буд, зараи дуввум ба чашми чап ва устухони қисми чашми сар рост омад. Нафари дуввум маро бо тамоми қувва ба ҷӯи об такон дод, ҳангоми афтидан бо китфи чап ба канори ҷӯй бархӯрдам, сипас бо ҳарду зону ба ҷӯй афтодам. 4-5 дақиқа аз ҳуш рафтам.”

Зойиров навиштааст, ки вақте ба худ омад дар наздаш касеро надид ва касе ба ӯ кумак накардааст. Базур худро ба хонааш, ки 20 метр дур буда, расондааст.

Ба гуфтаи раиси ҲСДТ, устухони косахонаи сараш дард мекард, чашми росташ зарба хӯрда буд ва “имкони даст расондан ба пешонӣ набуд, китфи чап ҳаракат намекард, дар ҳарду зону варам пайдо шуд” ва танҳо рӯзи дувум дарди ҳақиқиро эҳсос кардааст.

Ӯ навиштааст баъди даҳ соати хобидан тавонистааст ҳаракат кунад ва баъди ду шабонарӯз ба сари компютер шинад.

Ин аввалин ҳамла ба раиси ягона ҳизби мухолифи амалкунанда дар кишвар нест. Қаблан ҳам ҳамлаҳо алайҳи ӯ сурат гирифта буданд, ки дар яке аз онҳо дасти Зойиров шикаст.

Ҳамла болои сиёсатмадорон ва равшанфикрони мухолифи ҳукумат ва рӯзноманигорони озод борҳост, ки расонаӣ мешавад. Соли 2011 Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода узви Раёсати олии ҲНИТ ва соли 2012 Далер Шарифов, рӯзноманигор, соли 2013 Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ, соли 2020 Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигор ва боз ҳолатҳои дигари ин гуна ҳамлаҳо дар расонаҳо нашр шуда буд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ин ҳамлаҳо аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар барои хомӯшкунондани озодандешон сурат мегирад. Ва то ҳол боре нашудааст, ки муҷримони чунин ҳамлаҳо пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миллатгароӣ дар Русия: Мавашии “қаҳрамон” ва муҳоҷири “ахлот”

Дирӯз, 25-уми октябр миллатгарои ифротии рус Миша Маваши мурд. Марги ӯ дубора баҳси миллатгароӣ дар Русияро зинда кард.

Миша Мавашии муҳоҷирбадбин даргузашт

25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.

Корхонаҳои белорусӣ муҳоҷирони тоҷикро ба маоши баланд ваъда карданд

Корхонаҳои вилояти Гроднои Беларус омодаанд муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо маоши моҳонаи аз 750 то 1200 доллар ва ҷойи зист ба кор қабул кунанд.

Тағйироту ҷойивазкуниҳои Раҳмон дар вазорату идораҳо

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.