22.9 C
Dushanbe

Даргириҳои низомӣ миёни Арманистону Озарбойҷон сари минтақаи баҳсноки Қарабоқӣ кӯҳӣ

Мақомоти Арманистон ва Озарбойҷон дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Қарабоғи кӯҳӣ, вазъияти ҳарбӣ эълом карданд. Шаби якшанбе дар ин минтақа даргириҳо миёни сарбозони Арманистон ва Озарбойҷон сурат гирифт.

Вазорати дифоъи Озарбойҷон субҳи рӯзи якшанбе гуфт, ки Арманистон маҳалҳои аҳолинишинро дар самти Тертар, Ҷабраил ва Физулиро тирборон кард ва артиши Озарбойҷон барои ҳимояи аҳолии осоишта ба ҳамлаи ҷавобӣ оғоз кард. Ҷониби Арманистон бошад мегӯяд, ки аввалин шуда Озарбойҷон ҳамла кард. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки Озарбойҷон ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакиро рӯзи 27 сентябр соати 8:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз кард.

Пас аз сар задани задухӯрдҳо, Арманистон дар саросари кишвар ва Озарбойҷон дар якчанд минтақа вазъи ҳарбӣ эълон карданд. Ереван инчунин барои омодагӣ ба ҷанг мардони то 55-соларо сафарбар карданист.

Дар ин даргириҳо даҳҳо нафар кушта шуданд. Ҷониби Арманистон рӯйхати 31 кушташударо нашр кард. Бисёре аз онҳо таваллуди солҳои 2000-2002 ҳастанд, дар рӯйхат номи занон ҳам низ навишта шудааст. Озарбойҷон ҳанӯз шумораи қурбониёнро расман эълон накардааст.

Коршиноси муноқишаи Қарабоғ Эмил Санамян мегӯяд, ки дар даргирии рӯзи якшанбе ҳадди аққал 100 нафар аз ҳарду ҷониб кушта шудааст. Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов гуфт, ки дар натиҷаи тирборон кардани нуқтаҳои аҳолинишин, шаш ғайринизомӣ кушта шуданд.

Додситонии кулли Озарбойҷон қаблан хабар дода буд, ки панҷ шаҳрванд – сокини деҳаи Гашталти минтақаи Нафталон Элбрус Гурбанов ва чаҳор узви оилаи ӯ, аз ҷониби артиллерияи арманӣ тирборон шуданд. Ҷониби Арманистон хабар дод, ки ду ғайринизомӣ – як зан ва як кӯдак, дар натиҷаи тирбандозии низомиёни Озарбойҷон ба ҳалокат расиданд.

Дар ин авохир Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ва чанд давлати дигар, аз ҷумла давлаҳои аврупоӣ аз Арманистон ва Озарбойҷон хостанд то ба ҷанг хотима бахшанд.

Пеш аз пошхӯрии ИҶШС дар соли 1991, Озарбойҷон ва Арманистон ба ҳайати Иттиҳод дохил буданд, аммо муноқишаи Қарабоғ се сол пеш аз он, дар моҳи феврали соли 1988, вақте ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қарабоғ аз ҷумҳурии Озарбойҷон баромадани худро эълон кард, оғоз ёфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.